Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи ҷиноӣ барои инъикоси зиндагии мардум


Парвандаи Умеда Аҳмадова, аккос-ҳуҷҷатнигор ва якумин зани филмсози боҳунар дар Ӯзбакистон, ба марҳилаи ниҳоии худ наздик мешавад.

Мақомоти Ӯзбакистон Умеда Аҳмадоваро дар “таҳқир” ва “тӯҳмат” нисбат ба мардуми ӯзбак муттаҳам мекунанд. Ин нахустин як чунин парвандаи ҷиноятӣ дар Ӯзбакистон аст, ки аккос ва филмсозро барои офаридани асарҳои аккосӣ ва филмҳояш дар мавзӯъҳои ба истилоҳ, “безарар”-и иҷтимоию этнографӣ ба додгоҳ мекашанд.

Силсилаи нави аксҳои хонум Аҳмадова бо номи “Зан ва мард: аз субҳ то шом” сабаби ифтитоҳи ин парванда шудааст. Мақомот гуфтаанд, ки аккос танҳо тарафҳои манфии зиндагии мардуми Ӯзбакистонро тасвир кардааст.

Дар асарҳои Умеда Аҳмадова асосан саҳнаи дасти талаби гадо, рӯзгори сангини хонаводаҳои нодор, кӯдакони хиёбонӣ, чеҳраҳои маъюс ва парешон инъикос ёфтааст. Хонум Аҳмадова мегӯяд:

“Медонед, ман дӯст намедорам, манзараҳои сунъии қашанг ва чеҳраҳои шод, аммо дурӯғинро аккосӣ кунам. Ва низ инъикоси саҳнаҳои ба истилоҳ “сиёҳ” ва сохта ҳам хушам намеояд. Тасвири ҳаёти воқеӣ бо ҳар каму бешаш ҳадафи аслии ман аст.

Албоми аксҳои ман бо номи “Зан ва мард: аз субҳ то шом” нахуст дар сафоратхонаи Швейсария ба намоиш гузошта шуд. Он асосан баёнгари рӯзгори воқеии як писарест, ки солманд мешавад ва як духтаракест, ки то ба пиронсолӣ мерасад. Яъне, он чи ки онҳо дар тӯли умр мебинанд, тасвир мекунад.

Филми “Бори гарони бакорат”-ро низ се сол пеш ба навор гирифта будем. Онро ба вазорати фарҳанг ва маъмурияти раисҷумҳур ҳам пешниҳод карда будем. Аммо имрӯз онро тӯҳбат ва таҳқири мардуми кишвар арзёбӣ кардаанд. Асарҳои ман ба “рӯйхати сиёҳ“ шомил шудааст…”


Парвандаи ҷиноятӣ алайҳи Умеда Аҳмадова бо даъвои Оҷонси матбуот ва иттилооти Ӯзбакистон дар охири соли 2009 бар асоси ду банди кодекси ҷиноятии он кишвар - “таҳқир” ва “бӯҳтон” боз шудааст, ки ҷазои корҳои ислоҳи меҳнатӣ аз ду то се сол, ё ҳабси то ним солро пешбинӣ мекунад.

Нодир Аҳмадҷонов, муфаттиши парвандаи мазкур аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мирободи шаҳри Тошканд, дар ин иртибот мегӯяд:

“Даъвогар – Оҷонси матбуот ва иттилооти Ӯзбакистон асарҳои чопӣ ва бадеию тасвирии Умеда Аҳмадоваро омӯхта, ба ин хулоса омадааст, ки онҳо берун аз чаҳорчӯбаи одоб ва бар хилофи қонунҳои кишвар ҳастанд.

Ташхиси вижаи аксҳо ва филмҳои вай маълум кардааст, ки урфу одатҳои мардуми Ӯзбакистон таҳқир шудаанд ва ин асарҳо метавонанд ба рӯҳу равони ҷавонони кишвар таъсири манфӣ расонанд…”


Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ алайҳи Умеда Аҳмадоваро созмонҳои байнулмилалии мудофеи ҳуқуқ маҳдудкунии озодии баён дар Ӯзбакистон арзёбӣ кардаанд. Ахиран, гурӯҳи аккосон, рассомон, санъатшиносон ва хабарнигорон аз Ӯзбакистон, Русия, Амрико, Канада, кишварҳои аврупоӣ ва Қазоқистону Тоҷикистон ба унвонии вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва дохилии Ӯзбакистон номаи боз ирсол ва дар он аз эҷодиёти Умеда Аҳмадова пуштибонӣ кардаанд.

Рӯзноманигор Тилав Расулзода яке аз чандин хабарнигорон ва санъатшиносони тоҷик аст, ки зери ин муроҷиатнома имзо кардааст. Вай мегӯяд, ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли мусбати қазияи хонум Аҳмадова фишанги таъсиррасонӣ ба Ӯзбакистонро надорад, аммо ба раҳоии ӯ аз муҷозот хушбин аст:

“Як амалияе ҳаст дар низоми додгоҳии Ӯзбакистон, ки фаъолони ҳуқуқи инсон, журналистонро аввал бо ҳар ҷурму баҳона ба зиндон маҳкум мекунанд, баъдан онҳо афв мешаванд, аммо пас аз ишораҳои мармуз ё ғайримустақим, ки онҳо бояд тарки Ӯзбакистон кунанд. Ман фикр мекунам, Умеда Аҳмадоваро низ ба мисли бисёре аз журналистон, аввал ба муҷозот мекашанд, баъд афв карда, барояш роҳ мекушоянд, то ба хориҷ аз кишвар биравад…”

Ҳоло Умеда Аҳмадова дар Тошканд ба сар мебарад. Аммо мақомоти интизомӣ ӯро ба шарти берун нашуданаш аз маҳалли зист, ба ҳабси пешакӣ нагирифтаанд.

Умеда таҳсилкардаи Донишкадаи давлатии синамогарии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Маскав буда, аз филмсозони маъруф ва боҳунари Ӯзбакистон шиноха шудааст. Асарҳои ӯ аз ҷониби санъатшиносони ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифтаанд.

Аммо ин суоли аксари санъатшиносон ҳанӯз боз боқӣ мемонад: як акси бадеӣ, ки монтаж ё саҳнасозӣ нашуда ва танҳо баёнгари ҳоли воқеии мардум аст, чӣ гуна метавонад “таҳқир” ва “тӯҳмат” бошад ва он ҳам нисбат ба мардум?
XS
SM
MD
LG