Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи кумаки Иттиҳодияи Аврупо ба Ҳаитӣ


Иттиҳодияи Аврупо ваъда кард, ки барои рафъи паёмадҳои заминларзаи мудҳиш дар Ҳаитӣ тақрибан 400 миллион евро ҷудо хоҳад кард. Ба ин нукта дар изҳороти имрӯзаи Комиссиюни Аврупо ишора шудааст. Дирӯз Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, заминларзаи Ҳаитиро "яке аз бузургтарин бӯҳронҳои башарии даҳсолаҳои ахир" номид. Ӯ аз ин кишвари офатзадаи воқеъ дар ҳавзаи Кариб дидан кард ва зимни суханронӣ дар Порт-о-Пренс, пойтахти Ҳаитӣ, ваъда кард, ки барои густариши амалиёти башарии ҷомеъаи ҷаҳонӣ оид ба интиқоли маводи озуқаву дорувор талош хоҳад кард.
Мақомоти Ҳаитӣ мегӯянд, ки дар ин офати табиӣ дасти кам сад ҳазор нафар ҷон бохтаанд. Тибқи иттилоъи бархе хабаргузориҳо, аллакай ҷасади тақрибан 70 ҳазор нафар ба хок супурда шудааст. СММ ахиран эълом дошт, ки тақрибан 2 миллион сокинони Ҳаитӣ ба кумаки фаврӣ ниёз доранд.
XS
SM
MD
LG