Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор нафарӣ барои ҳар курсии Маҷлиси намояндагон


Раванди пешбарии номзадҳо ба интихоботи порлумонии Тоҷикистон анҷом ёфт. Дар маҷмӯъ, барои 63 курсии Маҷлиси намояндагон 250 нафар талош хоҳанд кард.

Танҳо ҳизбҳои халқӣ-демократӣ ва наҳзати исломи Тоҷикистон дар феҳристи ягонаи ҳизбӣ 22 нафариро дохил кардаанд. Муҳибулло Додоҷонов, раҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ба торнамои Озодӣ гуфт, дар феҳристи коммунистҳо 9 номзад, ҲСДТ - 7 нафар ва дар феҳристи Ҳизби кишоварзӣ 6 номзад омадааст. Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуривӣ панҷ номзад ва Ҳизби сотсиалист 3 нафарро пешбарӣ кардааст. Феҳристи Ҳизби демократ аз ду нафар иборат аст.

Дар ҳавзаҳои инфиродӣ 176 нафар барои унвони вакилӣ мубориза мебаранд. 24 нафари ин афрод ба тариқи худпешбарӣ номзадияшонро пешниҳод кардаанд, боқимонда аз ҷониби аҳзоб пешниҳод шудаанд. Ҷаноби Додоҷонов арқоми ҳавзаҳои инфиродиро аз рӯи минтақаҳо чунин гуфт: Вилояти Суғд – 53, вилояти Хатлон – 49, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ - 44, шаҳри Душанбе – 22 ва вилояти Бадахшон – 8.

Ҷаноби Додоҷонов гуфт, ба ҳисоби миёна барои ҳар курсии порлумон 4 нафарӣ талош хоҳанд кард. Дар миёни номзадон исми 24 зан низ ҳаст.

Интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар таърихи 28-уми феврал баргузор хоҳад шуд. Интизор меравад, ҷараёни онро ҳудуди 400 нозири хориҷӣ наззора бикунанд. Нахустин гурӯҳи нозирони хориҷӣ аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, имрӯз, 18-уми январ, вориди Душанбе шуданд.
XS
SM
MD
LG