Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чавес молу мулки Exito-ро давлатӣ мекунад


Раисиҷумҳури Венесуэла Ҳуго Чавес ҷиҳати мусодираи моликияти як шабакаи фурӯшгоҳҳои бузурги фаронсавӣ амр додааст. Чавес гуфт, давлаташ мехоҳад, шабакаи Exito-ро, ки дар Венесуэла даҳҳо мағоза дорад, таҳти назорати худ дароварад. Ахиран парлумони ин кишвари Амрикои Лотинӣ қонунеро тасвиб кард, ки мусодираи молу мулки ширкатҳоеро, ки нархи маҳсулоти худро беш аз ҳадд боло мебардоранд, иҷозат медиҳад. Пули миллии Венесуэла феълан дучори девалватсия шудааст ва Чавес батакрор ширкатҳоро ҳушдор дода буд, ки дар сурати боло бурдани нархҳо молу мулкашонро мусодира хоҳад кард. Соли гузашта мизони таваррум дар Венесуэла 25 дарсад буд, ки дар тамоми Амрикои Лотинӣ баландтарин дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG