Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ кони Маҷнунро ба Shell ва Petronas дод


Ироқ бо имзои қарордод бо ширкатҳои бузурги нафтии Royal Dutch Shell ва Petronas масъалаи баҳрабардорӣ аз кони бузурги Маҷнунро ниҳоӣ кард. Ин ду ширкати ҳолландиву малайзиёӣ ҳанӯз дар моҳи декабр ҳаққи истихроҷи нафт аз кони Маҷнунро, ки захираи ҳисобшудааш 12,8 миллиард бушка баровард шудааст, ба даст оварданд.
Ҷамъи захоири ҳисобшудаи нафти Ироқ феълан дар ҳудуди 115 миллиард бушка рақам зада шуда, ин кишвар аз лиҳози захоири нафт баъд аз Арабистони Саудӣ ва Эрон дар ҷаҳон дар мақоми севвум аст. Ироқ феълан дар рӯз 2,5 миллион бушка нафт тавлид мекунад, вале давлат мехоҳад, тавлидоти нафтро дар рӯз ба 12 миллион бушка бирасонад.
XS
SM
MD
LG