Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пагоҳ вуруди нозирон ба Тоҷикистон шурӯъ мешавад


Аз пагоҳ, 18-ӯми январ вуруди нозирони байналмиллалӣ ба Тоҷикистон оғоз мешавад. Ин нозирон бар ҷараёни омодагӣ ба интихоботи порламонии 28-ӯми феврал ва сипас бар ҷараёни райдиҳӣ дар интихобот назорат хоҳанд кард. Кумиссиюни марказии интихобот ва райпурсии Тоҷикистон мегӯяд, нахустин гурӯҳи нозирон, ки вориди Тоҷикистон мешавад, нозирони интихоботӣ аз САҲА хоҳад буд. Ин гурӯҳ тадриҷан ба 140 нафар хоҳад расид. Бино ба маълумоти ин манбаъ, 150 нозири дигар аз кишварҳои мустақили ҳамсуд даъват шудаанд. Бо назардошти нозирон аз кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой шумораи умумии нозирони байналмилллаӣ дар интихоботи порлмонии Тоҷикистон ба 400 нафар хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG