Хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хориҷаи Амрико аз маҳаллоти зилзилазадаи Ҳаитӣ боздид кард. Баъд аз мулоқот бо Рене Превал-раиси ҷумҳури Ҳаитӣ хонум Клинтон гуфт, Амрико кӯмак хоҳад кард, то кишвари онҳо аз пайомадҳои зилзила "қавиву беҳтар" бадар ояд. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ва Билл Клинтон-президентҳои собиқро дар маросиме бо худ гирифт, то ироаи кӯмакҳои хайрия ба Ҳаитиро сарпарастӣ кунанд. Пол Антоин Биен Айме-вазири дохила мегӯяд, то ҳол 50 000 ҷасад ҷамъоварӣ шудааст ва мумкин аст шумораи умумии кушташудагони зилзилаи рӯзи сешанбе аз 100 000 то 200 000 нафар расад.