Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порламони Афғонистон 3 узви нави кобинаро пазируфт


Имрӯз поламони Афғонистон 3 номзади дигари кобинаи нави ҳукумати Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистонро ба тасвиб расонд. Номзадии Залмай Расул дар мақоми вазири умури хориҷа, номзадии Ҳабибуллоҳ Ғолиб дар мақоми вазири адлия ва номзадии Муҳаммад Юсуф Ниёзӣ дар мақоми вазири умури мазҳабӣ ба тасвиб расид. Аммо намояндагони порлмон номзади пешниҳодии Карзайро дар мақоми вазири таҳсилоти олӣ рад карданд. Ба ин мақом Муҳаммад Ҳошим Эшматуллоҳ пешниҳод шуда буд.
XS
SM
MD
LG