Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, соати 15:00 ба вақти Душанбе дар манежи «Динамо»-и шаҳри Маскав сабқати Ҷоми Иттиҳод бо бозии қаҳрамонҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон – дастаҳои «Вахш» ва «Боку» оғоз меёбад.

Дар бозии дигар дар ҳамин вақт дар МВ «Олимпийский»-и Маскав рақибони қаҳрамони Тоҷикистон дар гурӯҳи «Б», дастаҳои «Оқтеппа»-и Қазоқистон ва «ХИК»-и Финландия қувва меозмоянд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи аввал ба даври чаҳорниҳоӣ роҳхат мегирад.

Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Вахш», ба сабқати Маскав бар иловаи футболбозони худӣ – дарвозабон Фарҳод Юлдошев, ҳимоятгарон Субҳон Хоҷамов, Алексей Неъматов, Меҳроб Заҳурбеков, Акмал Сабуров, нимҳимоятгарон Рустам Хоҷаев, Камолҷон Ортиқов, Анвар Норқулов, Абдуқаюм Қарабоев, Маҳмадалӣ Содиқов, ҳамлагарон Нӯъмонҷон Ҳакимов, Рустам Усмонов, Ҷомихон Муҳиддинов, Фозил Сатторов, инчунин, бозигарони даъватшуда – ҳамлагар Юсуф Рабиев, нимҳимоятгар Фатҳулло Фатҳуллоев ва ҳимоятгар Соҳиб Сувонқулов ( ҳарсе аз тими «Истиқлол»-и Душанбе), ҳимоятгар Асадулло Нуруллоев («Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров), нимҳимоятгар Баҳодур Шарифов («Хуҷанд»-и Хуҷанд), дарвозабон Алишер Тӯйчиев («Металлург»-и Бекободи Узбакистон) ва ду футболбози африқоӣ - ҳимоятгар Даниэл Тего ва ҳамлагар Дэвид Тетте ( аз кишвари Гана, ки порсол узви дастаи «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон буданд),-ро бурдааст.

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «B»:

16 –уми январ (шанбе)
Манежи "Динамо": "Вахш" –«Боку» .13.00.
МВ "Олимпийский": «Оқтеппа» - ХИК. 13.00.

17-уми январ (якшанбе)
Манежи "Динамо": «Оқтеппа»–"Вахш".13.00.
МВ "Олимпийский": «Боку» – ХИК. 13.00.

19 –уми январ (сешанбе)
Манежи "Динамо": ХИК–"Вахш".13.00.
МВ "Олимпийский": «Оқтеппа» – «Боку». 13.00.

20-уми январ (чоршанбе)
МВ "Олимпийский. 1/4 финал
Ғолиби гурӯҳи "Д" –ҷои 2-юми гурӯҳи "С". 13.00.
Ғолиби гурӯҳи "В" – ҷои 2-юми гурӯҳи "А". 15.00.
Ғолиби гурӯҳи "С" – ҷои 2-юми гурӯҳи "Д". 17.00.
Ғолиби гурӯҳи "А" – ҷои 2-юми гурӯҳи "В". 19.00.

22-юми январ (ҷумъа)
МВ "Олимпийский"
Бозии аввали нимфиналӣ.16.00.
Бозии дуюми нимфиналӣ.19.00.

24 -уми январ (якшанбе)
МВ "Олимпийский"
ФИНАЛ. 15.00.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG