Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозот барои истифода аз интернет?


Мақомоти Эрон ба мухолифини ҳукумат дар мавриди ғайриқонунӣ будани истифода аз почтаи электронӣ ва паёмҳо аз тариқи sms ҳушдор доданд. Ба иттилоъи расонаҳои маҳаллӣ, раиси полиси Эрон Исмоил Аҳмади Муқаддам ҷонибдорони мухолифинро мутмаин кард, ки интернет таҳти назорати комили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад. Ва аммо дар бораи он ки афроди хилофи ин дастур амалкардаро чӣ муҷозоте интизор аст, чизе гуфта нашудааст. Ба иттилоъи хабаргузориҳои ғарбӣ, мухолифони ҳукумат ҳама амалҳо ва намоишҳои эътирозии худ алайҳи натоиҷи интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳуриро тавассути интернет ҳамоҳанг мекарданд.
XS
SM
MD
LG