Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарифхон Самиев


Мудири нирӯгоҳи Норак Шарифхон Самиев ин ҳафта шаҳрдори Қӯрғонтеппа таъин шуд, ки дар як соли охир сеюмин вазифаи давлатии ӯст.Оё ин дафъа кадом омилҳо боис шуд, ки қартаи оқои Самиев бори дигар ба бозӣ бидарояд? Ва оё ин мавриди мушаххас метавонад намунае аз сиёсати расмии кадрии ҳукумати Тоҷикистон бошад?

Шарифхон Самиев баъди 11 сол дубора ба Қӯрғонтеппа, маркази маъмурии вилояти Хатлон, бузургтарин вилояти Тоҷикистон, баргашт. Ба шаҳре, ки киштии ӯ дар соли 1999 аз ҳамин ҷо ба шино даромада буд.

САМИЕВ: “АЗ РӮШАН КАРДАНИ ШАҲР САР КАРДЕМ”

Шарифхон Самиев дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо Озодӣ гуфт, корашро дар мақоми шаҳрдории Қӯрғонтеппа аз рӯшан кардани шаҳр оғоз
Ман фикр мекунам, ки ман ягон 6 моҳ кор кунам, баъд намояндаатон омада, худ баҳогузорӣ кунад...
кардааст: “Корҳое ки мо сар кардем, пеш аз ҳама, ин боварии ҷаноби олист, ки маро ба пойтахти калонтарин вилояти ҷумҳурӣ равон кард. Аз рӯшанкунии шаҳр сар кардем корро. Шаҳр аст охир, як кӯча нест, ки ман дар як рӯз муваффақ бишавам. Корро дар ҳамаи самтҳо сар кардаем – корҳои тозакуниро, хидматрасониро. Ҳамаи корҳоро шурӯъ кардаем.”

Аммо нахустин қароре, ки Шарифхон Самиев ба ҳайси шаҳрдори Қӯрғонтеппа имзо кард, ихтисоси 80 000 сомонӣ ба тими маҳаллии “Вахш” буд, ки соли гузашта унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистонро ба даст овард ва акнун дар Ҷоми қаҳрамонҳои футболи кишварҳои муштаракулманофеъ ва Балтик бояд аз шарафи футболи тоҷик ҳимоят кунад.

5 МУШКИЛИ УМДА ДАР ҚӮРҒОНТЕППА

Ҷамолиддини Сайфиддин, як хабарнигори маҳаллӣ дар Қӯрғонтеппа мегӯяд, тайи 5 ило 6 соли охир раиси ин шаҳр 5 дафъа иваз шуд ва ин курсӣ шояд барои Самиев ҳам як тахтаи хез, ё худ трамплине бошад, ки роҳи бозгашти ӯ ба пойтахтро ҳамвор кунад.

Мӯйсафедони Қӯрғонтеппа
Ба бовари Ҷамолиддини Сайфиддин, дар сурати хуб ҷилва додани кори худ дар мақоми шаҳрдори Қӯрғонтеппа Шарифхон Самиев метавонад дигарбора ба мақомҳои баландтаре дар Душанбе довталаб шавад: “Дар шаҳри Қӯрғонтеппа 10 сол боз 5 мушкили асосист, ки бояд ҳалл шавад. Мушкили аввал бозори марказии шаҳр аст, ки дар маҳалли вокзали собиқи автобусҳо сохта шуда ва боиси беназмиҳо дар маркази шаҳр шудааст. Мушкили дуввум фарсудагии роҳҳои дохили шаҳр аст. Мушкили севвум паст рафтани иқтисоди Қӯрғонтеппа ба далели аз кор мондани 5-6 корхонаи азимтарин саноатиаш мебошад. Ва албатта, масъалаи нақшаи умумии рушд, ё худ “генплан”-и Қӯрғонтеппа, ки ҳеҷ нест, таҳия шавад. Қӯрғонтеппа ҳамчун шаҳр барои 40 000 аҳолӣ сохта шуда буд, вале феълан дар ин шаҳр беш аз 75 000 ба сар мебаранд. Агар Шарифхон Самиев аз ӯҳдаи иҷрои ин вазоиф барояд, метавонад ба мансабҳои боз ҳам болотаре биравад.”

ПАРВОЗ БА ДУШАНБЕ

Шарифхон Самиев аз он кадрҳои баландпарвози насли дуввуми ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар поёни даҳаи 90 батадриҷ ҷойи намояндагони мавҷи аввали бозмонда аз даврони ҷанги шаҳрвандиро дар мақомоти баланди давлатӣ танг карданд.

Ӯ 5 сол муовини шаҳрдори Қӯрғонтеппа ва 6 соли дигар раиси шаҳри Норак буд ва дар соли 2005 ба Душанбе, ба мақоми раиси ноҳияи Фирдавсӣ омад. Ва аз ҳамин курсӣ баъди муддати кӯтоҳе ба раҳбарии ширкати “Барқи Тоҷик” гузашт.

ХАШМИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ҲАМЛАИ МАТБУОТ

Ибтидо чунин ба назар мерасид, ки ин курсӣ низ ниҳояти парвозҳои баланди Шарифхон Самиев дар арши сиёсии Тоҷикистон нест. Вале зимистони қаҳратуни соли 2008, ки Тоҷикистонро мувоҷеҳ ба як бӯҳрони бемисли энержӣ кард, боис шуд, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи солонаи ҳукумат ҳама қаҳру ғазабашро болои раҳбарони бахшҳои энержӣ, вале бештар аз ҳама ба сари
Шарифхон Самиев
Самиев фурӯ бирезад: ” Ман аз заводи алюминий кам карда додам, аз дигар ҷоҳо кам кардам, ки мардуми махсусан пойтахт, онҳое ки дар хонаҳои баландошёна зиндагӣ мекунанд, азият накашанд. Эй беинсофҳо, чӣ хел ман нигоҳ дорам шуморо? Самиев, 6 моҳ мӯҳлат! Корҳоро ҳама аз ҷиҳати молиявию иқтисодӣ дуруст мекунӣ. Дар 6 моҳ агар бартараф накардӣ, саратро мехӯрӣ. Дар қади кӯча мемонӣ. На инки дар қади кӯча, балки ҷавоб мегӯӣ дар назди қонун.”

Албатта, ҳанӯз дар ҳамон ду соли пеш бархе мутмаин буданд, ки ин ҳама интиқодҳо дар мазҳари омм як навъ ба “президент-шоу” мемонад ва раҳбари давлат агар бо як даст зердастонашро силӣ занад, бо дасти дигар боз ҳам силаашон хоҳад кард. Вале дар ҳар сурат, дар пайи ин ҳарфҳои тунди раисиҷумҳур танқиди Шарифхон Самиев ва ширкати “Барқи Тоҷик” дар матбуоти маҳаллӣ мисли “мӯд” шуд. Расонае тақрибан намонд, ки дар он рӯзҳо лаб ба танқиди Самиев боз накарда бошад. Ҳафтаномаи “Нигоҳ” аз ҷумла дар ҳар шуморааш гӯшзад мекард, ки то поёни зарбулаҷали раисиҷумҳур чанд рӯзу чанд ҳафтаи дигар боқӣ мондааст.

БОЗГАШТ БА НОРАК

Самиев аммо тавонист баъди ин 6 моҳ фурсате, ки Эмомалӣ Раҳмон барояш дод, дар мақом бимонад ва хеле аз камбудиҳои “Барқи Тоҷик”-ро ислоҳ ҳам кунад. Зердастони собиқаш дар ”Барқи Тоҷик” соли 2008-умро ҳатто аз пурмаҳсултарин солҳо дар таърихи ин ширкат медонанд.

Вале дар январи соли 2009, вақте ҳама мутмаин шуданд, ки хашми раисиҷумҳур аз Самиев дигар фурӯкаш карда, Эмомалӣ Раҳмон ӯро дар ҷаласаи солонаи ҳукумат дигарбора зери тозиёнаи танқид гирифт ва аз раҳбарии “Барқи Тоҷик” барканор кард. Маҳофил ба дунбол аз суқути ситораи Самиев дар самои қудрати Тоҷикистон ҳам сӯҳбат карданд, вале алакай баъди ду моҳ ӯ ғайричашмдошт мудири нирӯгоҳи Норак, бузургтарин нирӯгоҳи фаъоли Тоҷикистон таъйин шуд.

ДАР ПАСИ САМИЕВ КӢ ИСТОДААСТ?

Чавкии шаҳрдори Қӯрғонтеппа дар як соли охир севвумин мансаби муҳими давлатии ӯст. Аммо оё кадом авомил ва ё пуштибонҳое дар паси пардаанд, ки киштии карйераи Шарифхон Самиевро ҳамвора рӯи об ва дар ҳоли шино нигоҳ медоранд?

Мӯсо Асозода, раиси созмони ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд: “Гумон надорам, ки Шарифхон Самиев бо раҳбари давлат хеле наздик бошад. Лекин медонам, ки раҳбари давлат кӯшиш мекунад, шахсонеро пайдо кунад, ки каме
Мӯсо Асозода
таҷриба дошта бошанд. Дар сохторҳои давлатдорӣ дар сатҳи раҳбарӣ як таҷрибае дошта бошанд, ки тавонанд як шаҳрро роҳбарӣ кунанд. Ман борваӣ дорам, ки Шарифхон Самиев кӯшиш мекунад, шаҳрро ба дараҷае расонад, ки ба талаботи роҳбари давлатамон ҷавобгӯ бошад.”

Интисоби Шарифхон Самиев ба курсии шаҳрдори Қӯрғонтеппа аммо дар ҳоле воқеъ шуд, ки нозирони умур аз дигарбора шиддат гирифтани муборизаҳо миёни гордҳои қадиму ҷадид дар долонҳои ҳукумати Тоҷикистон сӯҳбат мекунанд ва Самиевро аз нигоҳи синну сол бештар ба ҷабҳаи ҷадид рабт медиҳанд.

Таҳлилгари тоҷик Орифи Шерзод интисоби Шарифхон Самиевро баёнгари ба фоидаи гурӯҳи пуштибони ӯ анҷом шудани яке аз давраҳои дигари ин набарди тӯлонӣ барои касби нуфузи бештар миёни ин ба истилоҳ марокизи мухталифи тасмимгир дар сутӯҳи олии давлати Тоҷикистон мешуморад : “Мафҳуме ки дар доираҳои сиёсӣ ва коршиносии Тоҷикистон нисбат ба афроде, чун Шарифхон Самиев ба кор мебаранд, таъбири “бачаҳои чаққон” аст. Ҳарчанд ӯро дар доираҳои гуногун ҳамчун як кадри то ҷое ӯҳдабаро низ мешиносанд, вале омили асоситарини аз ин мансаб ба он мансаб гузаштани ӯ пеш аз ҳама шиносоист. Яъне ӯ бо нафароне муносибат ва рафтуомад дорад, ки метавонанд ба маркази асосии қабули қарор дар кишвар таъсир расонанд ва ҳар сари чанд вақт мо мебинем, ки Шарифхон Самиев ба яке аз вазифаҳои ба истилоҳ “рӯғанӣ” дар Тоҷикистон таъйин мешавад.”

Мунтақидон ба омилҳои дигаре, аз ҷумла ба наздикии Шарифхон Самиев бо Ҳасани Асадуллоҳзода, раиси “Ориёнбонк” ва додарарӯси президенти Тоҷикистон низ ишора мекунанд.

КАДРҲОИ ХУДИВУ БЕГОНА

Ба назари таҳлилгарон, ҳукумат аз сандуқи кадрҳояш ҳамвора ҳамон як чеҳраҳоро берун кашида, имрӯз дар ин ва фардо дар мақоми дигари муҳими давлатӣ таъйин мекунад.

Амнияти Абдулназар, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд: “Дар Тоҷикистон мардум ба худиву бегона тақсим шудааст. Ва одами худӣ, ҳатто агар аз ӯ фоидае набошад, худӣ аст. Раисиҷумҳур боре гуфт, ки дар ҷайбаш кадр намондааст. Агар манзур аз ҷайб, минтақаи худаш бошад, ба маҳаллҳои дигар ҳам назар биандозанд. Агар ҳизби ҳокими халқӣ-демократиро дар назар дошт, ба ҳизбҳои дигар назар бикунад. Тими раисиҷумҳур аз як ҷо ба ҷойи дигар ҷой иваз мекунаду халос. Агар ба синни нафақа наздик шуданд, онҳоро вакили парлумон мекунанд. Ҳамон як тоифа, ҳамон як тоифа аз як ҷо ба ҷои дигар мекӯчад. Ба мардуми дигар, ба минтақаҳои дигар, ба ҳизбҳои дигар боварӣ нест.”

ВАЗИР АЗ ҲИЗБИ МУХОЛИФ?

Дар анҷумани ахири ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки раҳбарии ин ташаккули сиёсиро ҳам бар ӯҳда дорад, гуфт, бояд дар оянда намояндагони шоистаи аҳзоби дигарро низ ба мақомоти давлатӣ ҷалб кард. Аммо Амнияти Абдулназар мӯътақид аст, ки манзури Эмомалӣ Раҳмон на аҳзоби ҷиддии мухолиф, балки ҳамон аҳзоби кисагиест, ки бо мусоидати худи давлат ташкил шудаанд.

Сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ба мансабҳои давлатӣ таъйин кардани афроди шоиста аз аҳзоби мухолиф ба фоидаи ҳукумат мебуд ва суботро дар кишвар устувор мекард. Вале ӯ ҳам бар ин назар аст, ки давлат дар амри таъйини кадрҳо асли садоқатсолориро бар аслҳои дигаре, чун ҳунарсолорӣ боло мегузорад ва интисоби ахири Шарифхон Самиев низ як улгу ваё намунаи барҷастаи ин сиёсати кадрист: “Ин чанд сабаб дорад. Аз як сӯ, раисиҷумҳур худ талош мекунад, бо як гурӯҳи муайяни афрод кор кунад, ки ҳамеша бо ӯ бошанд. Ва вақте як робитаи наздик пайдо кард, кӯшиш мекунад, ин афроди наздикшударо аз худ дур накунад. Ҳамон як нафарон дар мансабҳои давлатӣ пасту боло мераванд, боз бармегарданд, вале ин ҳама тағйироти кадрӣ дар ҳамон як чаҳорчӯби маҳдуд сурат мегирад.”

“МАРО ҲЕҶ САР НАДОДЕД”

Бо вуҷуди он ҳама борони интиқодот, ки тайи ду соли гузашта бахусус дар матбуот ба сари Шарифхон Самиев фурӯ рехт, ӯ боз ҳам аз камшумор мансабдорони давлатист, ки аз сӯҳбат бо хабарнигорон фирор намекунанд. Вале дар сӯҳбати ахираш бо Озодӣ, вақте шаҳрдори Қӯрғонтеппа мегуфт, ки хабарнигорон ӯро ҳеҷ сар надоданд, эҳсос мешуд, ки ӯ аз аҳли матбуот то ҳол гиламанд аст: “Ман нав рӯзи панҷум аст, ки дар ин вазифа кор мекунам. Ҳозир омӯхта истодаам. Мушкилот ҳаст, мушкилот дар ҳама шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҳаст. Ман фикр мекунам, ки ман ягон 6 моҳ кор кунам, баъд намояндаатон омада, худ баҳогузорӣ кунад.”

Дафъаи аввал ба Шарифхон Самиев 11 сол лозим шуд, ки ӯ аз курсии муовини шаҳрдори Қӯрғонтеппа то ба маснади раиси ширкати бузурги давлатии “Барқи Тоҷик” бирасад. Акнун ки киштии карйераи Самиев дубора дар ҳамин шаҳр лангар партофтааст, оё чанд муддати дигар бояд бигзарад, ки ин киштӣ дигарбора бодбонҳояшро ба қасди Душанбе баланд кунад?
XS
SM
MD
LG