Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозёфти ду кӯзаи замони кушониҳо дар Душанбе


Дар шимоли шаҳри Душанбе ду кӯзаи қадимаву нодир пайдо шуд. Саидмурод Бобомуллоев, раиси Осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон, ба хабаргузории маҳаллии “Авесто” гуфтааст, кӯзаҳоро бинокороне пайдо кардаанд, ки дар наздикиҳои хиёбони Рӯдакӣ, дар минтақаи донишгоҳи тиббӣ, ба бунёди меҳмонсаро машғуланд. Бостоншиноси тоҷик афзудааст, мутахассисон бозёфтҳоро таҳқиқ карда, ба натиҷае расидаанд, ки онҳо ба даврони кушониҳо, яъне, ба қарнҳои 2-3-и қарни мо, тааллуқ доранд. Ба гуфтаи Саидмурод Бобомуллоев, дар минтақае, ки меҳмонсаро бунёд мешавад, то имрӯз ёдгориҳои зиёди бостонӣ ошкор шудааст.
XS
SM
MD
LG