Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама ба кӯмаки Ҳаитӣ даъват кард


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, заминларзаи Ҳаитиро “фалокатбор” номида ба ҳамаи ниҳодҳои ҳукуматаш амр кард, ки ба кӯшишҳои имдодӣ авлавият диҳанд.

Вай ваъда дод, ки барои кӯмак ба аҳолии осебдида Амрико 100 миллион доллар ихтисос дода, сарбозонашро ҳам ба Ҳаитӣ мефиристад.

Обама гуфт, “мо ба мардуми Ҳаитӣ ошкор ва ба таври қотеъ мегӯем, ки шуморо танҳо намегузорем. Шуморо фаромӯш намекунем. Дар ҳоле, ки шумо ба бисёр чизҳо эҳтиёҷ доред, Амрико бо шумост. Тамоми ҷаҳон бо шумост.”

Ин дар ҳолест ки баъд аз қавитарин заминҷумбӣ дар 200 соли ахир, ки рӯзи 12 сентябр ба амал омад, ҳазорон сокинони Ҳаитӣ дуввумин шабро дар боғу хиёбонҳо сипарӣ мекунанд.

Ба тахмини мутахассисон, то кунун афроди зиёди зинда дар зери вайронаҳои Порто Принс - пойтахти Ҳаитӣ боқӣ мемонанд. Аз ҳоло кӯмакҳои нахустини хориҷӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳо бо гурӯҳҳои наҷотбахш ва таҷҳизоти зарурӣ аз Чину Фаронса, ба Порто Принс ворид мешаванд.

Аммо Ҳаитӣ ҳоло ҳам мунтазири бахши асосии ёрии байналмилалии ваъдашуда мебошад. Тибқи гузоришҳои хабарнигорон кӯшишҳои ҳамоҳангшудаи наҷоти ашхоси зери овор, мушоҳида намешавад, агарчӣ ин бояд кори аввалиндараҷа бошад.

Шумори кушташудагони зилзила дар Ҳаитӣ ба даҳҳо ҳазор нафар мерасад
Сухангӯи СММ дар умури башардӯстона Элизабет Бирс вазъӣ ҳамоҳангсозии кӯшишҳои наҷотиро ҳамчун ваҳшатнок арзёбӣ намуд.

Заминларза, ки марказаш ҳамагӣ 15 километр дуртар аз пойтахти Ҳаитӣ воқеъ буд, аксарияти биноҳои Порто Принсро бо хок яксон кард. То айни замон шумораи дақиқи ҳалокшудагон маълум нест. Ба гуфтаи Жан Макс Белерив, нахуствазири Ҳаитӣ, эҳтимолан, қурбониёни фалокат хеле бештар аз 100 ҳазор нафар хоҳад буд.

Дар Ню Йорк дабири кулли СММ Бан Ки Мун, гуфт то кунун маълум кардаанд, ки 22 мақомоти низомӣ ва полиси СММ дар ин фоҷеа ҳалок шудаанд. Дар маҷмӯъ 150 аъзои дафтари СММ дар Ҳаити аз ҷумла раҳбари ин дафтар бенишон шудаанд. Фалокати табиӣ бинои дафтари СММ бо хок яксон кардааст.

Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх гуфт, эҳтимолан аз се як ҳиссаи аҳолии Ҳаитӣ, ё 3 миллион нафар ба кӯмакҳои фаврӣ мӯҳтоҷ хоҳанд шуд.

Дар ҳоле ки расидани кӯмакҳо аз хориҷа оғоз гашт, ёрии бештари кишварҳои ба монанди Иттиҳодияи Аврупо, Русия, Канада ва Америкаи Лотинӣ дар ҳоли расидан ба Ҳаитӣ мебошанд.

Зимни суханронӣ дар Кохи Сафед Барак Обама гуфт, ки низомиёни амрикоӣ амнияти фурӯдгоҳи Порто Принсро таъмин мекунанд ва ба қабули таҷҳизоти сангини наҷотбахш омодаанд.

ИМА барои кӯмак дар кӯшишҳои наҷотбахш дар Ҳаитӣ се ҳазору панҷсад сарбоз ва ду ҳазору дусад туфангдорӣ дарёиашро эъзом кардааст. Интизор меравад, ки имруз ҳавопаймоҳои боркаши Амрико ба онҷо чархболҳоро барои анҷоми амалиётҳои наҷотдиҳӣ интиқол кунанд.

Обам инчунин ваъда дод ки кишвараш барои рафъи пайомадҳои офати табиӣ ба Ҳаитӣ 100 миллион доллар кӯмак мекунад.
XS
SM
MD
LG