Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳҳои энержӣ дар ҳамоиши сарон


Нишасти Батумӣ, ки интизор мерафт, тарҳҳои энержии ба истилоҳ "ғайрируси"-ро баррасӣ мекунад, ба думболи пахши хабари наомадани президенти Украин ба ин маҷлис мӯҳтавои худро аз даст дод.

Ба думболи эълони тасмими раиси ҷумҳури Украин иштирокдорони дигар низ пушти сари ҳам аз сафари Батуми даст кашиданд. Чӣ шуд ва чаро тасмимҳо дигар шуданд?

ДОМИНОИ ЮШЕНКО

Набукко барои Гурҷистон ҳамчун талоши пайдо намудани роҳи алтернативии воридоти энержӣ аз Хазар ва Осиё ба Аврупо муҳим аст ...
Баҳси проектҳои энержӣ дар соҳили баҳри Сиёҳ ба рӯзи панҷшанбе барномарезӣ шуда буд ва қарор буд дар ин нишаст барномаҳои алтернативии интиқоли газу нафт ба Аврупо, бидуни убури қаламрави Русия рӯҳи тоза бигиранд. Аммо нишасти дурӯза бе иштироки кишвари калидии интиқоли енержӣ ба Аврупо аҳамияти худро гум кард. Президенти Украина Юшенко, яке аз ширкатдорони сабқати раёсати ҷумҳури ин кишвар гуфтааст, ки саргармӣ дар маърака ӯро аз сафари Гурҷистон боздоштааст.

Худдории Юшенко аз сафари Гурҷистон ба истилоҳи русӣ таъсири бозии доминоро ба бор овард, ки агар як хишти он биафтад хиштҳои дигарро сарозер мекунад. Ба ин тартиб раисони ҷумҳури Лаҳистон, Озарбойҷон, Латвия ва Литва низ эълон карданд, ки ба маҷлис ҳозир намешаванд. Аммо боз ҳам ҷаласа ҷараён дорад ва ширкатдорони он умедворанд, ки тавонанд роҳро барои татбиқи тарҳҳои Набуко ва Маҷрои Сафед -хатти интиқоли газ ва лӯлаи нафти Одесса -Бродт- Гданск боз кунанд.

ФАЗОИ ҶАЛАСА

Нахуствазири Гурҷистон Ника Гилаури нишастро баъд аз зӯҳри рӯзи панҷшанбе боз кард. Ӯ қабл аз ифтитоҳи нишаст ба хабарнигорон гуфт, ки проектҳои мавриди назар қабл аз ҳама роҳи интиқоли газро тавассути Гурҷистон ба Руминия, Булғористон ва Украина ҳамвор хоҳад кард. Нахуствазир таъкид кард, ки проекти Набуко солона ҳудудан 31 миллиард метри мукааб гази табииро аз кишварҳои ҳавзаи баҳри Хазар ва Ховари Миёна тавассути Гурҷистон ба Аврупо интиқол хоҳад дод.

Дар ҳоле, ки масъалаи сармоягузории барномаи Набуко кайҳо ба бунбасит ворид шудааст, Ника Гилуарӣ мегӯяд, рақобати ин барнома бо барномаи Маҷрои Ҷанубии Русия аҳамияти онро бештар ва пуштибонии ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз Набуко афзунтар мекунад. Набукко, барои Гурҷистон ҳамчун талоши пайдо намудани роҳи алтернативии воридоти энержӣ аз Хазар ва Осиё ба Аврупо муҳим аст. - гуфт нахуствазир Ника Гилуарӣ.

Мавзӯи бунёди лӯлаи ба итилоҳ ғайрирусӣ, соли гузашта дар авҷи баҳси Русияву Украина ба миён омад. Ин ҳарду бо даъвои тулонии худ Аврупоро дар шадидтарин зимистон бе газ монданд. Ҳодисаи зимистони гузашта Аврупоро аз Русия дилсард кард ва ба лӯлае ниёзманд намуд, ки ҳеҷ рабте ба Русия надошта бошад. Лӯлае, ки бидуни убури қаламрави ин кишвар энержии Қафқоз, ва Осиёи Марказиро то Аврупо бубарад. Ин барномаҳо ҳамаги 10 дар сади ниёзмандии Аврупоро ба энержӣ бароварда месозанд ва дар чанд моҳи ахир Аврупо таваҷҷӯҳро ба онҳо коҳиш додааст.

ВОКУНИШИ АВРУПО

Комиссионери нави Иттиҳоди Аврупо дар умури энержӣ Гюнтер Утингер рӯзи сешанбе дар як нишаст дар Брюссел гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо бояд тасмими худро дар баробари Набуко ҳамин сол мушаххас кунад.

Аз сӯи дигар, Русия, ки Аврупо аз вобастагӣ ба газу нафти он дилгир аст, бо вуҷуди бӯҳрони молӣ ба татбиқи ду барномаи умда, Маҷрои Ҷанубӣ шурӯъ кардааст ва мехоҳад ҳамчунин барномаи Маҷрои Шимолиро ба поён расонад. Нашрияи "Ведомости", чопи Маскав бо иқтибоси як коршинос дар бонкҳои сармоягузории "Тройка Диалог" гуфтааст, кишварҳое ки барои нишасти Батумӣ ҷамъ омадаанд, солҳо барои истиқлолият аз энержии Русия талош кардаанд. Аммо дар асл барои намоиш додан ҷавҳари зиёд надоранд.

Аммо аз сӯи дигар ҳам соҳибони энержӣ, ҳам кишварҳои интиқолдиҳанда он ва харидорон газ расман ҷузъи барномаи Набуко ҳастанд. Кишваҳои фурӯшандаи газу нафт, Озарбойҷон. Қазоқистон, Туркманистон, Узбакистон ва Ироқ дар соли 2009 аз ширкатдорони аслии баҳси барномаи Набуко ва Маҷрои Сафед буданд.

Бо вуҷуди он ки раисрони ҷумур ба Батумӣ намомаданд, боз ҳам дар ин нишаст чаҳраҳои муҳим, бо шумули нахуствазири Озабойҷон Артур Разизода, ноиби вазири энержии Қазоқистон Лиёзат Киинов ва раиси Ширкати нафти Туркманистон Эгинмамад Атамамдов ҳамчунин намояндагони воломақоми Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида ҳузур доранд.
XS
SM
MD
LG