Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сад ҳазор қурбонии заминларзаи Ҳаитӣ


Мақомоти расмии Ҳаитӣ эълон кардаанд, ки бар асари заминларзаи мудҳиши 7-дараҷаии рӯзи сешанбе дасти кам 100 ҳазор нафар сокини ин кишвар ба ҳалокат расидааст. Ин қавитарин зилзила дар 200 соли ахир унвон шудааст.

Тибқи тахминҳои раисиҷумҳури Ҳаитӣ Рене Превал, бар асари заминларзаи ахир ҳазорон нафар ба ҳалокат расидаанд. Сенатор Юри Латортю ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, ки имкон дорад, дастикам 500 ҳазор нафар нобуд гаштаанд ва аммо гирифтани омори дақиқ ғайриимкон аст.

Ҳамзамон кумакҳои байналмилалӣ дар ҳоли расидан ба Ҳаитӣ мебошанд. Созмони байналмилалии Салиби Сурх хабар дод, ки беш аз 3 миллион сокинони Ҳаитӣ ба кумакҳои фаврӣ ниёз доранд ва барои арзёбии вазъ ва осеб як ё ду рӯз лозим аст.

Бино ба гузоришҳо, дар пойтахти кишвар тамоми бемористонҳо тамоман тахриб шудаанд, ё ин ки бо сабаби хатар касе наметавонад вориди онҳо шавад.

Кубаи ҳамсоя, ки дар он ҳам таконҳои сустар эҳсос мешуд, ба Ҳаитӣ 30 пизишки худро фиристодаааст ва онҳо дар ду бемористони саҳроӣ ба осебдидагон ёрии таъҷилии тиббӣ мерасонанд.

ИМА, Бритониё, Канада, Фаронса, Белгия, Шветсия, Люксембург ва Ҳоланд ба Ҳаитӣ гурӯҳҳои арзёбии вазъ ва гурӯҳҳои наҷот эъзом кардаанд. Дигар кишварҳо ва созмонҳои башардӯстона ба Ҳаитӣ хаймаҳо, доруворӣ, таҷҳизоти полоиши об, табибон ва гурӯҳҳои алоқа пешниҳод кардаанд.

Миллионҳо мардуми Ҳаитӣ бар асари зилзилаи шадид зарар дидаанд
Киштиҳои нерӯҳои дарёии Амрико ва ҳавопаймоҳо ба сӯи ин кишвари осебдида равона шудаанд. Киштиҳо ва ҳавопаймоҳо таҷҳизоти наҷотбахш, кумаки таъҷилӣ ва чархболҳо барои ҷустуҷӯи осебдидагон мебаранд.

Олмон эълом намуд, ки ба ҳайси кумаки таъҷилӣ якуним миллион доллар медиҳад ва Иттиҳодияи Аврупо ваъда додааст, ки беш аз чаҳор миллион доллар ҷудо мекунад.

Заминларзаи 7-дараҷаӣ бегоҳи рузи 12 январ ба амал омада, биноҳои зиёдеро дар саросари ин кишвар вайрон кард. Ин қавитарин зилзила дар 200 соли ахир дар Ҳаитӣ ба ҳисоб меравад. Биноҳои ҳукуматӣ, мадрасаҳо, бемористонҳо ва муассисаҳои маишӣ ба хок яксон шудаанд.

СММ гуфт, беш аз 100 кормандаш дар он кишвар ба шумули раиси дафтари намояндагиаш дар Ҳаитӣ ва муовинаш бедараканд ва бинои намояндагӣ, воқеъ дар пойтахти кишвар - Порто Принс сахт осеб дидааст.

Сухангӯи СММ дар умури амалиётҳои башардӯстона гуфт, ки маҳбаси асосии Порто Принс хароб шудаа тибқи хабарҳо, боздоштшудагон фирор намуданд.

Дар Ню-Йорк дабири кулли СММ Бан Ки Мун эълом намуд, ки чораҳои бесобиқаи имдодӣ зарур хоҳад шуд.

Маркази зилзила дар ҳамагӣ 15 километр аз пойтахти ин кишвар будааст. Шабакаҳои мухобиротӣ, бар асари заминларза аз кор мондаанд ва роҳҳо низ касногузар шудаанд.

Вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, ки кишвараш барои ҳамоҳангсозии кӯшишҳои имдодӣ аз ситоди нерӯҳои низомии Амрико дар Ҳаваӣ кумак мерасонад. Бо вуҷуди ин Клинтон сафарашро ба кишварҳои Папуа Гвинеяи Нав, Зеландияи Нав ва Австралия қатъ накард.

Devastating Haiti Earthquake Kills Thousands
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00
XS
SM
MD
LG