Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби тавофуқномаи Арманистону Туркия


Додгоҳи Қонуни Асосии Арманистон, санадеро тасвиб кард, ки барқарории равобити дипломатӣ бо Туркияро дар назар дорад. Туркияву Арманистон моҳи октябри соли гузашта бот имзои ду санади таърихӣ тавофуқ намуданд, то муносиботи дипломатӣ ба роҳ андохта ва марзи байни ду кишварро боз намоянд. Аммо Арманистон ҳафтаҳои гузашта бинобар тасвиб нашудани тавофуқнома дар порлумони Туркия ибрози ноумедӣ кардааст. Серж Саркиссиён – раиси ҷумҳури Арманистон, ки ризояти додгоҳро хоста буд, ҳамин моҳ таҳдид кард, ки агар Туркия дар ин масъала “кашолкорӣ” кунад, кишвараш аз тавофуқнома даст хоҳад кашид. Мақомоти Туркия гуфтаанд, то замоне, ки Арманистон дар робита ба ҳалли муноқишаи Кӯҳистони Қаробоғ бо Озарбойҷон пешрафт накунад, тавофуқномаро тасвиб нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG