Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати донишманди маъруфи эронӣ бар асари таркиш


Имрӯз бар асари таркиш дар Теҳрон як донишманди маъруфи риштаи физикаи ядроӣ ба ҳалокат расид. Ба иттилоъи мақомоти расмии Эрон, Масъуд Алӣ Муҳаммадӣ дар канори манзилаш аз таркиши бомбе, ки дар мотосикл гузошта шуда буд, кушта шудааст. Телевизиони давлатии Эрон эълом дошт, ки Масъуд Алӣ Муҳаммадӣ қурбони сӯиқасди “ҷосусони саҳюнизм ва Амрико” гардид. Дар дигар хабарҳо гуфта мешавад, ин донишманд, ки бо барномаи ҳастаии кишвар робитаи мустақим дошт, аз афроди сарсупурдаи низоми исломии Эрон маҳсуб мешуд.
XS
SM
MD
LG