Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикваи донишҷӯён аз хариди маҷбурии саҳмия


Вазири маорифи Тоҷикистон дар посух ба шикояти донишомӯзон, ки мегӯянд, барои нахаридани саҳмияҳои Роғун ба имтиҳонҳо роҳ дода нашудаанд, гуфт, чунин амал "гуноҳ" аст.

Ба гуфтаи вазири маориф, дар ин самт миёни донишҷӯён бояд кори таблиғотӣ бурда шавад ва ... бо хоҳиши худ саҳмияҳоро харидорӣ кунанд ...
Абдуҷаббор Раҳмонов дар ин замина афзуд, касе ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки донишомӯзонро барои харидории саҳмияҳо маҷбур кунад. Ба гуфтаи вазири маориф, дар ин самт миёни донишҷӯён бояд кори таблиғотӣ бурда шавад ва нафароне, ки имконият доранд, бо хоҳиши худ саҳмияҳоро харидорӣ кунанд.

Аслан тафовути нишасти хабарии Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи кишвар аз дигар чунин нишастҳо шояд дар он буд, ки ин навбат сӯҳбат нахуст атрофи масоили доғи ҳамин шабу рӯзи донишгоҳҳо рафт. Дар баробари хабарнигорон Амонҷон Собиров, як донишомӯзи Донишкадаи ҳунарҳои зебои кишвар баланд шуд ва гуфт, ки барои шикоят назди вазири маориф омад. Ба гуфтаи ин донишҷӯ, ӯ ва дигар ҳамсабақонаш бинобар харидорӣ накардани саҳмияи Роғун ба имтиҳон роҳ дода нашудаанд. Амонҷон афзуд, аз онҳо тақозо шудааст, ки ба маблағи 100 сомонӣ саҳмия харидорӣ кунанд.

Дар ин зимн, Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи кишвар чунин амалкарди садорати Донишкадаи ҳунарҳои зебоиро ғайри қобили қабул арзёбӣ кард ва ваъда дод, ки ин қазияро фавран баррасӣ хоҳад кард. Ҳамзамон вай ба кулли раҳбарони макотиби олии кишвар муроҷиат карда гуфт, ки онҳо набояд иҷборан донишҷӯёнро ба харидани саҳмияҳои Роғун ҷалб намоянд.

Вай гуфт: «Ҳеҷ кас ҳақ надорад,ки аз донишҷӯён иҷборан чунин талаб кунад.Кадом донишҷӯе, ки имкон ва ҳисси ватандӯстӣ дорад, худаш саҳмия харидорӣ мекунад. Масалан буданд донишҷӯёне, ки ба маблағи 5 то 10 ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ карданд. Аммо миёни донишҷӯён нафарони камбизоат кам нестанд. Аз онҳо талаб кардани харидории саҳмия гуноҳ аст.»

Вазири маорифи кишвар гуфт, то имрӯз соҳаи маорифи кишвар ба маблағи 20 миллиону 21 ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ кардааст.

Мавзӯи дигари сӯҳбати вазир низ то андозае "пулӣ" буд. Оқои Раҳмонов гуфт, ки дониши мутахассисоне, ки ба бозори меҳнат ворид мешаванд ҷавобгӯи меъёр нест. Аз ҷумла ӯ ба муқаррароти вазорат оиди ба кор дар мактабҳо ҷалб шудани донишҷӯён ва муҷозоти пулии муҳассилони риштаҳои буҷавӣ барои саркашӣ аз кори омӯзгорӣ ишора кард. Вай гуфт, ки вазорат тасмим гирифтааст, тавассути донишкадаву донишгоҳҳо ҳудудан 200 донишҷӯёро, ки пас аз таҳсил аз рӯи тахассус ба кори омӯзгорӣ нарафтаанд, ба додгоҳ бикашонад.

Ба гуфтаи вазири омӯзишу парвариш, дар сурати ба ҷойи кор ҳозир шудани ин хатмкунандагон камбуди омӯзгорон дар макотиби миёнаи кишвар метавонист пурра ҳал шавад. Абдуҷаббор Раҳмонов ёдовар шуд, ки ҳоло дар макотиби миёнаи кишвар ҳамагӣ 25 омӯзгор намерасад, дар ҳоле, ки чанд сол пеш ин шумор беш аз сеюним ҳазор нафарро ташкил медод. Вале ин ҷо бояд гуфт, ки зиёд шудани шумори омӯзгорон дар мактабҳо ҳанӯз маънои баланд рафтани сифати таълимро надорад, чунки донишҷӯҳое, ки ҳанӯз донишгоҳро хатм накарда, соҳиби таҷрибаи кофӣ нестанд, якбора барои таълим ба мактабҳо сафарбар мешаванд.

Ҳамзамон ба таъкиди Абдуҷаббор Раҳмонов,ҳоло наздики 6 000 кӯдак аз таҳсил дар канор мондаанд. Ба гуфтаи вазири маориф, бо таҳсил фаро гирифтани ҳама шогирдони синни мактабӣ, бахусус духтарон имсол аз сиёсатҳои умдаи ин ниҳоди давлатӣ маҳсуб мешавад. Ва то имрӯз ҳам аллакай чандин тадбир тавассути органҳои ҳифзи қонун натиҷа додааст, гуфт ӯ. Гуфта мешавад,чанд моҳи пеш додситонии Кӯлоби вилояти Хатлон, , алайҳи 5 тан аз волидоне, ки дар таҳсили фарзандонашон дар макотиб маҳдудият эҷод карда буданд, ҳамаи онҳо дар ҳаҷми дуним ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.
XS
SM
MD
LG