Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Тоҷикистон дар гурӯҳи Ал Қоида дар Лубнон


Додгоҳи низомии Лубнон як шаҳрванди Кувайт, як шаҳрванди Сурия ва як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки иддао мешавад ба шабакаи террористии Ал Қоида тааллуқ доштаанд, маҳкум ба зиндон кард. Бино ба навиштаи Gulf News, ин афрод гурӯҳи хурди террористӣ ташкил кардаанд ва ба нируҳои муваққати СММ дар Лубнон ҳамлаҳо анҷом медодаанд. Хабаргузориҳои Лубнон навиштаанд, ин гурӯҳ ба нақша гирифтааст, ки гурӯҳҳои икмолотии маҳаллиро аз кӯмак маҳрум созад ва бад-ин тариқ дар Лубнон заминаҳои фаъолияти ошкорои ҷиҳодиро фароҳам орад. Бино ба навиштаи матбуот, шаҳрванди Тоҷикистон Муҳаммад Сияров ё Тияров ном доштааст. Фаъолияти ин гурӯҳро созмони Фатаҳ ал Ислом ва созмонҳои дигари тандрав ҳамоҳанг месохтаанд.
XS
SM
MD
LG