Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил таҳдиди фишори молии Амрикоро радд кард


Исроил имрӯз таҳдиди ғайриалании як мақоми амрикоӣ дар мавриди эҳтимоли истифодаи фишори молӣ алайҳи Исроил ба хотири ташвиқи раванди сулҳи Ховари Миёнаро радд кард. Фиристодаи раисиҷумҳури Амрико дар Ховари Миёна Ҷорҷ Митчелл ахиран гуфт, тибқи қонунҳои Амрико, Вошингтон метавонад аз тазмини ёриҳояш ба Исроил худдорӣ кунад.
Дафтари сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу аммо дар посух ба изҳороти Митчелл гуфт, “ҳама медонад, ки маъмурияти фаластиниҳо шурӯъи дубораи музокироти сулҳро радд мекунад, вале Исроил ба хотири оғози ин раванд гомҳои мушаххас ва муҳиме бардоштааст.”
Дар соли 1991, ба хотири фишор ба Исроил, ки дар анҷумани байналмилалии сулҳи Ховари Миёна ширкат кунад, раисиҷумҳури вақти Амрико Ҷорҷ Буш тасвиби қарори Конгресс ҷиҳати кӯмак ба Исроилро муваққатан тавқиф карда буд.
XS
SM
MD
LG