Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими Того аз Ҷоми Африқо хориҷ шуд


Тими миллии футболи Того аз ширкат дар Ҷоми Африқо даст кашид. Капитани тим Эммануэл Адебайор гуфт, онҳо бо машварати ҳукумати Того ба ватан бармегарданд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран аъзои тими Того гуфта буданд, бо вуҷуди ҳамлаи хунини рӯзи ҷумъа мехоҳанд дар ин мусобиқот бимонанд.
Вале сарвазири Того Ҷилберт Ҳоунгбо исрор варзидааст, ки тим ба далоили амниятӣ Ангола, маҳалли баргузории мусобиқоти Ҷоми Африқоро тарк кунад. Ҷилберт Ҳоунгбо рӯзи якшанбе ҳатто гуфт, Тогоро дар Ҷоми Африқо ягон ҳайъате намояндагӣ нахоҳад кард: “Агар ягон ҳайъат ваё гурӯҳе дар расми ифтитоҳи мусобиқот ваё дар ягон бозии барномарезишуда таҳти парчами Того ҳунарнамоӣ кунад, ман бояд сароҳатан бигӯям, ки ин намоиши қалбакист.”

Автобуси ҳомили тими Того рӯзи 8-уми январ дар пайи убури марзи Ҷумҳурии демократии Конго дар Кабинда, як минтақаи ҷудоиталаби Ангола, ҳадафи ҳамлаи ғофилгири мусаллаҳона қарор гирифт. Бар асари ин ҳамла се нафар – ронандаи автобус, ёвари мураббӣ ва сухангӯи тими Того кушта шуда, 9 нафари дигар, бо шумули дарвозабони дуввуми тим, ҷароҳат бардоштанд. Масъулияти ин шабехунро Ҷабҳаи озодии Кабинда, ки барои истиқлолияти ин вилояти нафтхез аз Ангола мубориза мебарад, бар дӯш гирифта, таҳдид кардааст, ки ин танҳо оғози силсилаи ҳамалоташ дар рӯзҳои Ҷоми Африқост.

Рӯзи 9-уми январ сухангӯи давлати Того Паскал Боҷона изҳор дошт, ки азбаскӣ ҳайъати тим дар ҳоли шок қарор дорад, тими Того аз Ҷоми Африқо фаро хонда хоҳад шуд.

Давлати Того аз мақомоти Ангола ташреҳ хост, ки чаро онҳоро аз хатарнок будани вазъи амниятӣ дар анклави Кабинда хабардор накардаанд. Паскал Боҷона гуфт, худи ин ки Кабиндаро ба ҳайси як маҳалли баргузории бозиҳои Ҷоми африқо интихоб кардаанд, тасмиме ғайри қобили фаҳм аст. Аммо мақомоти Ангола ва Иттиҳодияи федеросиюнҳои футболи Африқо худи тими Тогоро айбдор мекунанд, ки худсарона бо автобус сафар кардааст, на тавассути ҳавопаймо ва аз тариқи фурудгоҳҳо, ки дар рӯзҳои Ҷоми футболи Африқо таҳти ҳифозати шадид қарор доранд.

Масъалаи ширкати Того дар Ҷоми Африқо тақрибан то поёни рӯзи якшанбе ҳамчунон зери суол буд. Ибтидо аъзои тим дар як ҷаласа тасмим гирифтанд, ки ба ёди он се ҳамроҳи кушташудаи худ дар бозиҳои Ҷоми Африқо бимонанд ва алакай рӯзи душанбе алайҳи тими Ғана ба майдон бароянд.

Ҳуҷумкунандаи тими Того Томас Доссевӣ ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ҳарчанд ин мусибат ҳамаи онҳоро ғарқи андӯҳ кард, онҳо мехоҳанд парчами Тогоро дар ин мусобиқот баланд карда, арзишҳои худ ва мард будани худро намоиш диҳанд. Алексис Ромао, ниммуҳофизатгари Того, ба навбаи худ гуфтааст, ки онҳо намехостанд мисли тарсу аз майдон фирор кунанд.

Ҳар ду бозигар гуфтаанд, ки ҳайъати тим тасмим дар мавриди ширкат дар мусобиқоти Ҷоми Африқоро бо иттифоқи оро қабул кард. Вале дар ниҳоят қарори давлати Того ин шуд, ки тими миллӣ аз Ангола ба ватан баргардад. Тасмиме ки беш аз ҳама мояи хушии Роберто Манчинӣ, мураббии “Манчестер Ситӣ” хоҳад шуд. Манчинӣ то ҳол дар андешаи сарнавишти ситораи аввали тими Того Эммануэл Адебайор уфтода буд, ки дар “Манчестер Ситӣ” низ ҳуҷумкунандаи асосист.

Қазияи омада бар сари тими Того ҷаҳони футбол, ба хусус он тимҳои маъруфи Аврупоро, ки бозигарони шинохтаи худро ба ин мусобиқот ба Ангола фиристодаанд, сахт нигарон кардааст.

Дар Ҷоми Африқо, ки рӯзи 10-уми январ ифтитоҳ мешавад, 16 тими қавитарини футболи ин қора, бо шумули Камерун, Нигерия, Соҳили Оҷ (Кот Д.Ивуар) ва Мисру Гана вориди рақобат мешаванд, ки тақрибан ҳар кадоми онҳо барои намоиши зӯр ва қудрати худ ҳатман чанд ситораеро аз тимҳои аввали Аврупо даъват кардааст. “Интер”, қаҳрамони футболи Итолиё, дар рӯзҳои Ҷоми Африқо маҷбур аст, рӯи ҳуҷумкунандаи асосиаш Самуэл Этоо ҳисоб накунад. “Челсӣ” дар ин рӯзҳо аз беҳтарин бозигари қораи Африқо Дидйе Дрогба ва ҳам аз Майкл Эссен ва Саломон Калу маҳрум шуда, “Барселона” бе Яя Туре ва “Севиля” бе Фредерик Кануте хоҳад монд.

Дар як фурсати барои мусобиқоти футболи қораи Аврупо хеле номуносиб барпо шудани Ҷоми Африқо ба андозае боиси қаҳру хашми мураббиёни тимҳои аврупоӣ шудааст, ки барои мисол, мураббии “Интер” Жозе Моуринйо бепарда гуфтааст, ки мехоҳад тими Камерун дар Ҷоми Африқо ҳарчӣ зудтар шикаст бихӯрад, то Самуэл Этоо зудтар ба Милан бармегардад.
XS
SM
MD
LG