Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Google ба бозори энержӣ чашм дӯхтааст


Cергей Брин, амрикоии рустабор яке аз асосгузорони абарширктаи интернетист.
Cергей Брин, амрикоии рустабор яке аз асосгузорони абарширктаи интернетист.

Абарширкати интернетӣ Google тасмим гирифтааст, то ба ширкати энержӣ табдил биёбад.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, раҳбарияти Гугл аз мақомоти ИМА дархости муҷаввиз барои фаъолият дар тиҷорати энержӣ, аз ҷумла харид ва фурӯши нерӯи барқ кардааст. Бо ин ҳадаф зерширкати нав бо номи Google Energy таъсис шудааст.

Намояндаи расмии Гугл гуфтааст, тавсеаи самти фаъолияти ширкат имкон хоҳад дод, то масрафот барои нерӯи барқ коҳиш биёбад, чун феълан ширкат барои нерӯи барқ маблағҳои ҳангуфте пардохт мекардааст.

Аммо таҳлилгарон бар инанд, ки бо дарёфти муҷаввиз ширкат чӣ нақшаҳое дар густариши ин тиҷорат дорад, чун «Гугл дар тиҷорат ҳеҷ кореро беҳуда намекунад». Коршиносон ҳадс мезананд, ки Гугл Энержӣ ҳамчунин ба мавзӯъи энержии алтернативӣ ва барқароршаванда низ даст хоҳад зад.

Хабари дархости муҷаввизи энержӣ кардани Гугл саҳмияҳои ин ширкатро дар бозори саҳҳом боло бурдаанд.

Ҳафтаи гузашта Гугл ба бозор нахустин телефонҳои мобилии худро баровард, ки базудӣ суперфон ном гирифтаанд ва ба гуфтаи коршиносон барои Айфонҳо рақиби сарсахт хоҳанд буд. Гугл дар ин авохир барномаи кори компутар (операционная система) ва браузери интернетии худро низ ба бозор баровардааст ва ҳамакнун дар ин бозор бо Майкрософт рақобат хоҳад кард. Машҳуртарин торнамои наворҳои видеоӣ - Ютюб низ моли Гугл аст. Ширкати Гугл фаъолияти худро ба ҳайси як торнамои ҷӯяндаи интернетӣ оғоз карда буд.
XS
SM
MD
LG