Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷойи кори нави Шарифхон Самиев


Аз тағйироти ахири кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон, ки дар сатҳи мақомоти иҷроияи навоҳии вилояти Хатлон ва минтақаи шарқи кишвар сурат гирифт, таваҷҷӯҳи коршиносонро таъйини Шарифхон Самиев ба мақоми шаҳрдори Қӯрғонтеппа ба худ ҷалб кардааст.

Қӯрғонтеппа яке аз шаҳрҳои калонтарин ва маркази бузургтарин вилоят дар қаламрави Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Баъди рӯи кор омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи ноябри соли 1992 ҳукумати нав дар заминаи ду вилоят - Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа вилояти Хатлонро таъсис дод, ки маркази маъмурии он шаҳри Қӯрғонтеппа қарор гирифт.

Шарифхон Самиев бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз маснади мудири Нерӯгоҳи барқи обии Норак озод шуда, бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қурғонтеппа таъин гардид. Шарифхон Самиев қаблан дар вазоифи мухталиф, аз ҷумла, раиси шаҳри Норак ва раиси ширкати «Барқи тоҷик» кор кардааст. Аммо номи ӯ дар ду соли қабл вақте ӯ раёсати ширкати « Барқи тоҷик»-ро бар ӯҳда дошт ва кишвар дар фасли зимистон бо бебарқӣ ва сардиҳои шадид дасту панҷа нарм мекард, бештар сари забонҳо гардид. Ӯ барои камфаъолиятӣ аз сӯи раисҷумҳур шадидан танбеҳ шунида ва шаш моҳ мӯҳлат гирифт, ки вазъро ислоҳ кунад. Вазъ ислоҳ нашуд ва ӯ боз ҳам дар як ҷаласаи ҳукуматӣ, ки ҷараёни он аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ интишор ёфт, зери интиқодоти шадиди раиси ҳукумат аз мақом барканор шуд ва ҳатто ишораҳое ҳам шуд, ки беш аз 2 миллиард киловат нерӯи барқ дар ин давра ба сирқат рафтааст. Ин ҳама сарусадоҳо фурӯкаш нашуда буд, ки бо дастури раиси ҳукумат ӯ мудири Нерӯгоҳи барқи обии Норак таъин гардид.

Ҳам он вақт ва ҳам ҳоло як чунин сарусадоҳо шунида мешавад, ки Шарифхон Самиев аз наздикони раисҷумҳур аст ва ҳамин қаробат ҳоло боис шудааст, ки оқои Самиев аз ин мақом ба мақоми дигар табдили вазифа мекунад. Вале Мӯсо Асозода, раиси ҲХДТ дар Душанбе, мегӯяд, раисҷумҳур ҳеҷ гоҳ барои интисоб ва таъйини кадрҳо ба омили қаробат ва наздикӣ такя накардааст. Ва аз он ки Шарифхон Самиевро раиси шаҳри Қӯрғонтеппа таъйин кардааст, дар ҷойи аввал таҷриба ва малакаи ҳосилкардаи ӯ маҳаки ин амр қарор гирифтааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба он ки Тоҷикистон дар ростои интихоботи парлумонӣ қарор дорад, ба фарқ аз солҳои пешин интизор меравад ислоҳоти кадрӣ ба таври густардатар сурат бигирад. Вале бархе аз коршиносон бо ишора ба тағйиротҳои ахир, ки боз ҳам аз ҷойивазкунии кадрҳо шурӯъ шудааст, мутмаин нестанд, ки афроди тоза ва ҷавонони мутахассис ба вазоифи роҳбарӣ дар ниҳодҳои мухталифи ҳукумат ҷалб шаванд. Зафари Сӯфӣ, коршиноси мустақили тоҷик, мегӯяд, аз чанд маврид тағйироти кадрии ба вуқӯъпайваста метавон чунин бардошт кард, ки ҳамоно меъёрҳое чун садоқати шахсӣ ва маҳал нақши худро дар сиёсати кадрии роҳбари давлат ҳифз кардааст.

Ба бовари коршиносон, яке дигар аз меъёрҳо дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар сиёсати ҳукумати Тоҷикистон такя ба номенклатураи замони Шӯравӣ, яъне мутахассисине аст, ки парварда ва тарбиятёфтаи мактаби шӯравианд. Ин ҳам дар ҳолест, ки мегӯянд коршиносон, шароит ва вазъи феълӣ тақозо мекунад, ки ҷавононе бо дидгоҳҳо ва назароти тоза ба мақомоти раҳбарӣ ҷалб шаванд.
XS
SM
MD
LG