Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъдоми 6 қочоқбари маводи мухаддир дар Эрон


Телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки мақомот рӯзи шанбе 6 нафари муҷрим дар қочоқи маводи мухаддирро ба дор овехтанд. Ҳукми эъдоми ин 6 нафари маҳкум дар зиндони Исфаҳон иҷро шудааст. Бино бар ҳисоби хабаргузории Франс Пресс, танҳо тайи чанд рӯзи гузашта аз оғози соли ҷорӣ дар Эрон дастикам 9 ҳукми қатл иҷро шудааст. Соли гузашта дар Эрон ҳукми қатли дастикам 270 нафар иҷро шуда буд.
XS
SM
MD
LG