Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирӣ аз қочоқи 783 осори таърихии Тоҷикистон


Музаффар Азизов, раиси шӯъбаи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва осори фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон
Музаффар Азизов, раиси шӯъбаи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва осори фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон

Тибқи иттилои расмӣ, кормандони гумруки Тоҷикистон дар муддати як соли ахир дар ёздаҳ маврид аз қочоқи 783 сарвати фарҳангӣ ва таърихӣ ба хориҷи кишвар ҷилавгирӣ кардаанд.

Ба гуфтаи масъулони Идораи гумруки Тоҷикистон, мавориди қочоқи осори фарҳангӣ дар ин муддат танҳо дар гузаргоҳи Панҷи Поён, дар марзи ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон ба мушоҳида расидааст.

Ба таъкиди масъулони Кумиссиюни ташхиси Вазорати фарҳанг, бозрасии ин сарватҳо мушаххас кардааст, ки дар воқеъ бештари он осори нодир ва қадима мебошанд, ки қавонини кишвар берун кардани онро манъ кардааст. Ба хусус асарҳои пурарзиши атиқӣ ва китобҳои дастнавис, ки аз ганҷинаи гаронбаҳоии мардум ва миллати тоҷик дарак медиҳад.

Музаффар Азизов, раиси шӯъбаи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва осори фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт, «тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» ташхиси осори фарҳангӣ ва таърихӣ масъулияти Вазорати фарҳанг аст. Дар соли 2009 беш аз 166 ташхиси сарвати фарҳангӣ анҷом дода шуд, ки умдатан осоре буданд, ё тавассути шаҳрвандон пешниҳод шудааст ва ё дар натиҷаи кашфу мусодираи гумрукчиён дар марз аз қочоқгарон ба даст омадааст. Бад ин тартиб ташхис низ собит кард, ки аз ҷумлаи 783 ашёи фарҳангие, ки дар гузаргоҳи Панҷи Поён, дар марзи ҷануби Тоҷикистон бо Афғонистон аз қочоқбарон гирифта шудааст, осори фарҳангии қадимаи нодир ва китобҳои хаттии дастнависе низ ҳастанд, ки арзиши онҳо бебаҳо аст».

Суол: - Қочогарон, ки қасди берун кардани ин осорро доштанд, аз куҷо ин сарватро дастрас карда буданд?

Музаффар Азизов: -Ин осор умдатан аз дасти сокинони кишвар гирифта шудааст. Як идда афроде дар қаламрави Тоҷикистон ҳастанд, ки мехоҳанд сарватҳои фарҳангӣ, ба хусус осори атиқаро ба хориҷиён бифурӯшанд. Мо бархе аз онҳоро медонем ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи амнияти миллӣ бо онҳо мулоқот кардем, ки мақсади асосии онҳо ба даст овардани фоида. Бале, онҳо орзу доранд, ки ин осорро ба хориҷа бибаранд ва ба ивази фурӯши он пули калоне, миллионҳо доллар ба даст биёранд, аммо бештари онҳо аз ин бехабаранд, ки барои фурӯхтани ин осор, қабл аз ҳама барои ташхиси он дар хориҷа чандин ҳазор доллари дигар сарф кардан лозим аст. Албатта бисёре аз онҳо фикр мекунанд, ки гӯё як танга ё китоби дастнависеро, ки дар Тоҷикистон барои мисол 30 сомонӣ арзиш дорад, дар хориҷа мешавад ба сад ҳазор доллар ё аз он зиёдтар фурӯхт.. Дар ҳоле, ки ин афсонае беш нест ва ин афрод бояд ба чунин корҳои ғайриқонунӣ дода нашаванд.

Суол: -Аммо бигӯед, қочоқгарони сарватҳои фарҳангӣ умдатан шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ё хориҷиён?

Музаффар Азизов: -Мутаассифона, дар қадами аввал шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, ки ба ин амали нангин даст мезананд ва оқибати онро фикр намекунанд. Чун барои ҳар амали ғайриқонунӣ дар назди додгоҳ ҷавоб мебояд. Вале дар канори сокинони Тоҷикистон, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ба хусус Афғонистон низ ҳастанд, ки дар муддати як соли ахир аз сӯи кормандони гумрук боздошт шуданд ва додгоҳҳо нисбати онҳо ҷазоҳои мухталиферо таъин кардааст.

Суол: -Дар чанд соли гузашта мавориди ба сирқат бурдани осори фарҳангӣ аз осорхонаҳо ва дигар муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва қочоқи он ба хориҷи кишвар ба мушоҳида расида буд. Оё ниҳодҳои давлатӣ дар заминаи бозпас гардонии ин осор муваффақ шудаанд?

Музаффар Азизов:
-Хушбахтона, дар соли гузашта чунин маворид набуд, аммо ҷои таассуф аст, ки дар чанд соли пеш, ба хусус дар солҳои ҷанги дохилӣ ва баъд аз он, ҳодисаҳои ба сирқат бурдани осори арзишманди фарҳангӣ аз осорхонаҳо ва дигар муассисаҳо ва қочоқи он ба хориҷи кишвар сурат гирифтааст. Ин мояи нигаронии мо аст. Агар аз ибтидои солҳои 1990 бигирем, аз Фарҳангистони улуми Тоҷикистон 150 нигораи атиқии мо бурда шуданд, ки то ҳол сарнавишти ин осор маълум нест. Ё аз Осорхонаи миллии ба номи Камолиддини Беҳзод тангаҳо, мусаввараҳо ва дигар ашёҳои фарҳангӣ ба сирқат бурда шуданд. Ҳарчанд дар ин бора ба Интерпол ё Пулиси ҷиноӣ ва дигар ниҳодҳои марбута муроҷиат кардем, вале то ҳол натиҷае нест. Ҳамчунин аз Осорхонаи Ҳисор, 42 нигораи гаронбаҳои заргарӣ бурда шудаанд ва парвандаи ҷиноӣ нисбати ин қазия боз шуда буд, вале то ҳол натиҷаи он рӯшан нест. Ин дар воқеъ ҷойи таассуф аст ва ҳама сохторҳои марбутаро лозим аст, то дар ҷиҳати ҳифзу нигаҳдории сарватҳои фарҳангии кишвар бетараф набошанд. Чун сарвати фарҳангӣ моли мардум ва давлати Тоҷикистон аст.

Суол: -Дуруст аст, ки яке аз сабабҳои мавриди қочоқ қарор гирифтани осори фарҳангии мо, тоҷикон, маҳсули бесарусомониҳо дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон ва пайомадҳои он аст, вале оё чи омили дигаре сабаби рабудашудани сарватҳо аз осорхонаҳо ва қочоқи он ба хориҷи кишвар будааст?

Музаффар Азизов:
-Яке аз омилҳо ин аст, ки қариб, ки ҳеҷ як аз осорхонаҳои Тоҷикистон шабакаи муҳофизатӣ надоранд. Албатта кормандони дохилӣ ва нигаҳбонон фаъолият мекунанд, аммо бо ин тарз намешавад ва наметавон аз осори пуаарзиши осорхонаҳо муҳофизат кард. Зеро ҳифзи сарватҳо дар осорхонаҳо қоидаи хоси худро дорад, ки бояд риоят шавад. Пештар ҳар биноеро, ки зарур медонистанд, дар он осорхона бунёд мекарданд. Масалан, дар Қалъаи Ҳисор, дар ҳуҷраҳои мадрасаи кӯҳна, осорхона ташкил карда шудааст. Ё ба ҳамин шабеҳ дар шаҳри Конибодом, осорхона дар ҳуҷраҳои мадраса вуҷуд дорад. Ин нодуруст аст. Зеро чунин вазъ аз як тараф роҳро барои дуздону қочоқгарони сарватҳои фарҳангӣ ҳамвор мекунад, аз сӯи дигар аз лиҳози шароити нигаҳдорӣ, ҳарорати ҳавои осорхона, намнокӣ ва ғайра барои нигораҳо ва ашёи мавҷуд осебпазир аст.

Суол: -Пас метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон то ҳол осорхонае, ки бо шабакаи муҳофизатӣ ва дигар шароити замонавӣ фарогир фаъол нест?

Музаффар Азизов: -Албатта бархе аз осорхонаҳо, аз ҷумла осорхонаи шаҳри Хуҷанд ва мӯҷтамаъи осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб, нисбат ба дигар осорхонаҳо ба талабот ҷавобгӯ ҳастанд. Вале ин кам аст ва бояд заминаи муҳофизати осорхонаҳоро тақвият бахшидан лозим аст. Ба хусус бо шабакаҳои садодиҳии дохилӣ (сигнализатсия), насби таҷҳизоти наворбардорӣ ва экранҳо ва дигар дастгоҳҳои мудерн бояд осорхонаҳои Тоҷикистон муҷаҳҳаз гардонда шаванд.

Суол: -Аммо аз назари Шумо мушкилот дар ин арса ҳалшаванда хоҳанд буд ва дар ин росто тадобире рӯи даст гирифта шудааст?

Музаффар Азизов: -Албатта умеди асосӣ ба Осорхонаи миллӣ аст, сохтмони он дар маркази шаҳри Душанбе идома дорад. Ва дар муддати чанд соли ахир бархе аз мушкилот назири хариди нигораҳо ва дигар осор аз мардум ва таъмини осорхонаҳо бо ин асарҳо ҳал шуда ва Ҳукумати Тоҷикистон барои ин кор ҳар сол аз буҷа, даҳҳо ҳазор сомонӣ ҷудо мекунад. Аз сӯи дигар бархе аз осорхонаҳо тармиму бозсозӣ шудаанд, ки иқдоми назаррас аст. Вале бо ин вуҷуд ҳанӯз ҳам мушкилот боқӣ мондааст. Бояд осорхонаҳо дорои системаи гармидиҳӣ дар зимистон, бошанд, ки ниёз ба маблағ мехоҳад.

Яке аз проблемаҳои аввалиндараҷа дар осорхонаҳо нарасидани кадрҳои ботаҷриба ва мутахассис аст. Зеро дар ҳеҷ як аз осорхонаҳо, мутахассиси соҳаи осорхонашинос нест. Бештари касоне, ки дар осорхонаҳо кор мекунанд, хатмкунандагони факултаҳои филологӣ, таърих ва дигар ҳастанд, ки албатта рӯи фаъолияти осорхонаҳо, ҳифзи нигораҳо ва осори мавҷуд дар ин осорхонаҳо таъсир хоҳанд гузошт. Ба ин далел умед дорем, ки Вазорати фарҳанг дар оянда ба ин масъала бештар таваҷҷӯҳ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG