Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми мӯҳлати сабтиноми созмонҳои динӣ


Сабти такрории созмонҳои мазҳабӣ ва масоҷид дар Тоҷикистон яке аз талаботи қонуни нави дини ин кишвар аст, ки мӯҳлати пешбинишуда ба иҷрои он дар оғози соли равон ба поён расид.

Зимнан, ин яке аз талаботи баҳсбарангези қонуни мазкур аст, ки то ба ҳол дар мавриди он матолиби мухталифе дар расонаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ мунташир мешавад. Ахиран, бархе аз созмону расонаҳои байналмилалӣ аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки бо эътибор пайдо кардани Қонуни нави дин дар Тоҷикистон мавҷудияти даҳҳо ҷомеаи маҳзабӣ бо хатар рӯбарӯ шудааст. Аз ҷумла, Хабаргузории ҷаҳонии насронӣ навиштааст, Шӯрои калисоҳои баптистии Тоҷикистон, ки фаъолияти он аллакай аз тарафи додгоҳи маҳаллӣ манъ шудааст, аз сабтиноми такрорӣ бар тибқи қонуни нав худдорӣ кард ва акнун комилан ғайриқонунӣ шумурда хоҳад шуд. Аммо раҳбари ин Шӯро дар Душанбе ва ҳамчунин масъулини идораи дини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ин ҳарфҳоро рад кардаанд.

Қайди дубораи муассисаҳои динӣ ба шумули ибодатхонаҳои исломиву ғайрисломӣ дар Қонуни нави дини Тоҷикистон ягона талаботе набуд, ки ба унвони мушкил ва фишори давлат болои созмонҳои мазҳабӣ арзёбӣ шавад. Рӯҳониёни кишвар бархе аз бандҳои ин қонун, аз ҷумла, таъйини имомхатибони масоҷид дар ҳамоҳангӣ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ, таълими улуми динӣ бо иҷозаи хоси ниҳоди давлатӣ дар макони муайян, гузоридани намоз танҳо дар ибодатгоҳ ва аз рӯи шумораи аҳолӣ дарёфти иҷоза барои фаъолияти масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаро аз меъёрҳои маҳдудкунандаи фароизи динӣ дар ин қонун маънидод карда буданд. Аммо намояндагони ақалиятҳои мазҳабӣ аз он изҳори нигаронӣ карда буданд, ки давлат бо қабули ин қонун дар амри таблиғу даъватҳои онҳо ва ҳамчунин вуруди маводи мазҳабӣ ва тавзеъи он байни ҷонибдорон бидуни иҷозаи расмӣ мушкил пеш овардааст. Антон, яке аз фаъолони калисои католикии римӣ дар шаҳри Душанбе, гуфт, дарвоқеъ ин қонун дасти назорат ва фишори давлатро болои созмонҳои мазҳабӣ дароз кардааст:
«Назорати давлат аз болои муассисоти динӣ пурзӯр мешавад. Барои мисол, дар сурати ироа накардани гузориш аз фаъолияти солонаи худ Вазорати фарҳанг метавонад муҷаввизи худро пас бигирад ва фаъолияти созмонро қатъ созад»

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз созмонҳо ва расонаҳо аз қавли намояндагони равияҳои гуногуни дини насронӣ дар Тоҷикистон навиштаанд, ки сарфи назар аз пешниҳоди асноди лозимӣ масъулини умури дин дар Тоҷикистон аз сабтиноми такрории онҳо парҳез кардаанд. Хабаргузории ҷаҳонии насронӣ навиштааст, Шӯрои калисоҳои баптистии Тоҷикистон, ки фаъолияти он аз тарафи додгоҳи маҳаллӣ манъ шудааст, аз сабтиноми такрорӣ бар тибқи қонуни нав худдорӣ кард ва аз ин ба пас амали он ғайриқонунӣ хоҳад буд. Зимнан, дар Тоҷикистон ду Иттиҳоди баптистҳои насронӣ амал мекунад, ки ҳардуи онҳо ин навиштаро беасос ва бепоя хонданд. Яке аз ин Иттиҳодияҳо, ки зери раҳбарии Игор Самиев фаъолият мекунад, асноди фаъолияти дубораро аз Вазорати фарҳанг дарёфт кардааст. Аммо Вервай Александр Давидович, раиси Иттиҳодияи дигари баптистҳои насронӣ дар Тоҷикистон, ки мунтазири посухи идораи дин мебошад, гуфт, ки ҳеҷ масъала бо додгоҳ надоштааст:
«Шукри Худо, ки мо бо давлат кадом як мушкили ҷиддӣ надорем, масъалаи сабти номи мо дар арафи анҷомёбист ва иттиҳодияи мо ҳеҷ гуна баҳсҳои додгоҳӣ ҳам надошт»

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъйиди Сайидбек Маҳмадуллоев, сардори шӯъбаи диншиносӣ дар Тоҷикистон, дар раванди сабтиноми такрории созмонҳои динӣ аз 82 созмони мазҳабии ғайриисломӣ 72-тои он дубора ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфтаи оқои Маҳмадуллоев, дар ин миён бархе аз ин созмонҳо фаъолияти худро худ қатъ кардаанд ва асноди бархеи дигари онҳо, аз ҷумлаи Иттиҳодияи баптистҳои насронии зери раҳбарии Вервай Александр Давидович, ҳанӯз дар дасти баррасии коршиносони идораи дин қарор дорад. Ҳамин манбаъ афзуд, бархе аз масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақта низ, ки натавонистаанд такроран сабти ном шаванд, меъёрҳои пешбинишудаи қонунро иҷро накарданд. Оқои Маҳмадуллоев ба унвони мисол аз радди сабтиномшудани як масҷиди ҷомеъ дар ноҳияи Хуросон дар қисмати ҷануби кишвар ёдовар шуд, ки бо пешниҳоди додситон ва раиси ноҳия сурат гирифтааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз масъулони созмонҳои мазҳабии насронӣ ва ҳамчунин рӯҳониёни кишвар мегӯянд, худи ин талабот, ки барои фаъолияти ибодатхона ва масҷид рухсати хоси мақомоти давлат гирифта шавад, муғойир бо аҳкоми динӣ мебошад. Аз сӯи дигар, қонуни нави дини Тоҷикистон на танҳо аз сӯи рӯҳониён ва масъулони созмонҳои мазҳабии ғайриисломӣ, ҳамчунин, аз ҷониби бархе аз кишварҳо, аз ҷумла, Комиссияи байналмилалии озодиҳои дини Амрико мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буданд.

Аз сӯи дигар, намояндаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба таври мушаххас посух надод, ки оё Иттиҳодияи баптистҳои насронии зери раҳбарии Вервай Александр Давидовичро чи гуна сабти ном хоҳад кард, дар ҳоле, ки мӯҳлати қонунии сабти номи созмонҳои динӣ дар аввали январи соли ҷорӣ ба анҷом расидааст.
XS
SM
MD
LG