Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Супергуглфон" ба бозор даромад


Ширкати Google нахустин телефони мобили фаровардаи худи ин ширкатро дар маросими вижае дар қароргоҳаш Мантин Вюи Калифорния муаррифӣ кард.

Телефони “оқил” ва деринтизори сохти худи Google - Nexus One - нахустин маҳсулотест, ки маҳз таҳти тамғаи тиҷоратии Google ба бозор медарояд. Ин телефон низ аз ҳамон барномаи Андроид, ки Google худ ба хотири таъмини фаъолияти телефонҳои мобил сохтааст, истифода хоҳад бурд.

The Nexus One 130 грамм вазн дошта, ғафсиаш ҳамагӣ 11,5 миллиметр аст. Ин телефонро низ монанди iPhone метавон бо рондани ангушт идора кард ва он қодир ба хондани садо буда, метавонад барои мисол, сӯҳбати соҳибашро барои ирсоли номаи электронӣ ба матн баргардонад. Марио Куэйрос The Nexus One-ро ҳатто “суперфон” номид ва гуфт:
“Маънои луғавии Nexus нуқтаи пайванд буда, он ба маънои иртибот меояд. Яъне Nexus One дуруст ҳамон нуқтаест, ки веб бо мобил мепайвандад. Nexus One як намунаи тавоноиҳои телефонҳои мобил аз тариқи барномаи Андроид аст.”

Телефони ҷадид, ки тавассути мағозаи интернетии Google фурӯхта шуда, метавонад ин бузургтарин ширкати ҷустуҷӯи интернетиро дар бозори фурӯши телефонҳои “оқил” ба рақиби iPhone, фаровардаи ширкати Apple, табдил диҳад. Вале ба Google лозим аст, як фосилаи бузургеро тай занад, то ба Apple бирасад. Apple тайи чанд соли охир 30 миллион iPhone фурӯхта, феълан дар ин бозор дар мақоми аввал аст ва он ҳам дар ҳоле ки талабот ба ин фаровардааш дар бозор рӯз то рӯз меафзояд.

Ин дар ҳолест, ки нархи телефонҳои Nexus One нисбатан баланд аст. Nexus One бо қимати аввалияи 179 доллар ба бозор даромад. Вале ин нарх барои онҳоест, ки бо ширкати мобилии T-Mobile қарордод мебанданд. Барои онҳое, ки чунин қарордод надоранд, як телефони Nexus One бо қимати 529 доллар тамом хоҳад шуд.

Кэролин МакКерфӣ, намояндаи сомонаи интернетии CNET мегӯяд, дар бозори телефонҳои “оқил” ширкатҳои мухталиф вориди кашмакашҳои лафзӣ шудаанд, ки оё пешниҳоди кадомӣ беҳтар аст ва аз кадом лиҳоз. Дар чунин шароит, ба эътиқоди хонум МакКерфӣ, пешниҳоди нархи баландтар шояд ба фоидаи Google ҳам бошад.
“Агар Google битавонад ин паёмро ба бозор бирасонад, ки аз ин ҳама кашмакашҳову гирудорҳо болост ва ба ҷойи ин ҳама ба зеҳни мардум талқин бикунад, ки ба онҳо интихоби ҷадид медиҳад, ин, ба назари ман, метавонад ба бархе комёбиҳо бирасонад. Яъне мисли сиёсатмадоре рафтор кунад, ки худро аз ҳама ҳамалот болотар гирифта, бо чунин шеваи таблиғ ҳамаи рақибонашро ба хок яксон мекунад.”

Ҳадафи дигар аз вуруди Nexus One пуштибонӣ аз бозори таблиғоти интернетист, ки як манбаъи аслии даромадҳои Google аз ҳамин тиҷорат аст. Google солона 20 миллиард доллар даромад дорад, ки бахши аъзамаш тавассути ҷустуҷӯ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ба ҷайби ин ширкат мерезад.

Вале рӯз то рӯз шумори афроде меафзояд, ки ба ҷойи компютер аз тариқи телефони мобил вориди Интернет мешаванд. Чунин раванд метавонад ниёзи корбарон ба манобеъи ҷустуҷӯие, назири Google-ро дар оянда коҳиш диҳад.

Google гуфтааст, Nexus Onе-ро мешавад тавассути шабакаҳои мухталифи арзаи хадамоти мобил истифода бурд ва қарор аст, ин телефон баҳори имсол дар бастагӣ бо ширкати Vodafone ба бозори Аврупо бидарояд.
XS
SM
MD
LG