Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Google телефони худро ба бозор медарорад


Google, ин бузургтарин ширкати ҷустуҷӯи интернетӣ, нахустин телефони мобили сохти ин ширкатро муаррифӣ кард. The Nexus One зоҳиран як рақиби аслии iPhone, фаровардаи ширкати Apple дар бозорҳои ҷаҳонӣ хоҳад шуд.
Як ҳадафи дигари Google аз вориди бозор кардани телефонҳои худӣ мусоидат ба тавсиъаи таблиғоти тиҷории интернетист, ки як манбаъи умдаи даромадҳои ин ширкат маҳсуб мешавад. Чунки тибқи ҳисобҳо, шумори мардуме, ки на тавассути компютер, балки аз тариқи телефонҳои мобил вориди шабакаи ҷаҳонии Интернет мешаванд, ҳамарӯза меафзояд.
The Nexus One дар бозори “оқил” дар баробари iPhone ҳамчунин бо телефонҳое, чун Samsung Omnia, Blackberry Storm ваё Nokia 5800 вориди рақобат хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG