Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатар дар роҳи оҳани Калининград-Маскав


Қатори роҳи оҳани Калининград-Маскав дар истгоҳи Оршаи Беларус ҳаракати худро муттаваққиф кард. Гуфта мешавад, мумкин аст дар роҳи оҳан бам гузошта бошанд. ИТАР ТАСС-хабаргузории Русия иттилоъ додааст, ки раиси қатор ба мусофирон амр додааст, ки бору ҷомадонҳояшонро бо худ бигиранд ва дар истгоҳи Орша қаторро холӣ кунанд. Ин дар ҳолест, ки дар берун сардии ҳаво ба 10 дараҷаи зери сифр баробар аст. Мусофирон танҳо замоне савори қатор шуданд, ки нируҳои амниятӣ ҷустуҷӯ ва бозрасии қаторро ба поён бурданд.
XS
SM
MD
LG