Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуввумин лулаи гази Туркманистон-Эрон гушоиш меёбад


Имрӯз руасои ҷамоҳири Туркманистон ва Эрон дар маросими гушоиши лулаи нави гази миёни ду кишвар ширкат хоҳанд кард. Баъд аз оғози баҳрабардорӣ аз лулаи гази Давлатобод-Сарахс-Хонгирон интиқоли гази Туркманистон ба Эрон бештар аз ду баробар афзоиш меёбад ва аз 8 миллиард метри муккааб дар як сол ба 20 миллиард метри муккааб мерасад. Ин дуввумин лулаи газ аст, ки дар як моҳи ахир Туркманистон ба кишварҳои хориҷӣ боз мекунад. Моҳи декабр лулаи гази Туркманистон-Чин мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки метвонад соле то 40 миллиард метри муккааб газ интиқол диҳад.
XS
SM
MD
LG