Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Амрикову Бритониё имрӯз низ баста аст


Дипломатҳо мегӯянд, ки сафоратҳои Амрикову Бритониё дар Яман имрӯз низ дарҳои худро ба далоили амниятӣ баста боқӣ гузоштанд. Дирӯз Ҷон Бреннан, мушовири раисиҷумҳури Амрико дар умури мубориза алайҳи терроризм гуфт, аломатҳое ба даст омадаанд, ки аз қасди шабакаи Ал-Қоида ҷиҳати анҷоми ҳамлаҳое дар Яман дарак медиҳанд: “Мо медонем, ки Ал-Қоида сафорати мо ва кормандони сафорати моро ҳадаф гирифтааст. Ва мо мехоҳем мутмаин бошем, ки ҷиҳати таъмини амнияти дипломатҳои худ ва афроди дигаре, ки дар он ҷо ҳастанд, тамоми кори мумкинро кардаем. Ин гоми мӯҳтотона ба ҳамин хотир гирифта шудааст.”
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама муттаҳидини Ал-Қоида дар Яманро дар таъмини силоҳ ва тамрини як шаҳрванди Нигерия, ки қасд дошт дар рӯзи Мавлуди Масеҳ як ҳавопаймои мусофирбари амрикоиро битарконад, айбдор кардааст.
XS
SM
MD
LG