Сафорати ИМА дар Яман бар асари таҳдиди ҳамлаи террористӣ баста шуд. Дар як эъломия дар вебсайти сафорат гуфта шудааст, ки гурӯҳи “Ал-Қоида” дар нимҷазираи Арабистон таҳдиди ҳамла ба муассисаҳои амрикоӣ дар Яманро кардааст. Ин гурӯҳ чанд рӯз пеш масъулияти ҳамлаи номуваффақ ба ҳавопаймои амрикоиро бар дӯш гирифт ва эълом дошт, ки аз ин роҳ мехост ба амалиёти густардаи нерӯҳои ҳукуматии Яман алайҳи ошӯбгарони “Ал-Қоида” посух гӯяд. Гуфта мешавад, ки дар ин амалиёт низомиёни амрикоӣ ҳам ширкат доранд. буд.
Рӯзи 25 декабр узви гурӯҳи “Ал-Қоида” дар нимҷазираи Арабистон Умар Фаррух Абдумуталлаб талош кард то дар ҳавопаймое, ки аз шаҳри Амстердами Ҳоланд ба Детройти ИМА парвоз мекард, маводи таркандаро мунфаҷир созад ва аммо мусофирон ва сарнишинҳои ҳавопаймо садди роҳаш шуданд.