Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Афғонистон ба ҳукумати нав раъй медиҳад


Имрӯз дар парлумони Афғонистон раъйдиҳӣ оид ба ҳайати ҳукумати аз сӯи раисиҷумҳур Ҳомиди Карзай пешниҳодшуда сурат мегирад. Номзадии ҳар вазири ҳукумати нав алоҳида ба овоздиҳӣ гузошта хоҳад шуд. Қабл аз ин номзадҳо ба мақомҳо дар ҳукумати Афғонистон мавриди баҳсу баррасӣ дар парлумон қарор гирифта буданд.
Ҳомид Карзай ташкили ҳукумати навро охирҳои моҳи гузашта анҷом дода буд. Кишварҳои ғарбӣ аз раисиҷумҳури Афғонистон, ки тирамоҳ дубора дар мақомаш интихоб шуд, ва аз аъзои ҳукумати нав хостори тақвияти мубориза бо ришвату фасод шудаанд.
XS
SM
MD
LG