Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико амали террористӣ дар Покистонро маҳкум кард


Амрико ва Бритониё амали террористӣ дар Покистонро, ки ҷони беш аз 90 нафарро рабуд, маҳкум карданд. Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии ИМА, эълон кард, ки Амрико кӯмаки худро ба мардуми Покистон дар мубориза бо терроризм идома хоҳад дод.

Вазорати умури хориҷии Бритониё ҳамлаи хунбор дар Покистонро «ваҳшатнок» унвон кардааст ва ин ҳодисаро боз як далели зарурати муборизаи ҷомеаи ҷаҳон алайҳи тундгароӣ ва терроризм номидааст.

Ҳамлаи террористӣ рӯзи ҷумъа дар шаҳраки Лакки Марват, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, аз сӯи як маргталаб ҳангоми мусобиқаи волейболбозон сурат гирифт ва беш аз 90 нафарро кушта ва даҳҳо тани дигарро маҷрӯҳ бар ҷой гузошт.

Ҳабибуллохон, раиси пулиси ноҳияи Бонну, гуфт, фарди ҳамлавар бомби ҳамроҳашро замоне мунфаҷир сохт, ки мардуми зиёд барои тамошои бозии дастаҳои волейболи ду деҳа ҷамъ омада буданд. Ба нақли ӯ, бар асари таркиш биноҳои истиқоматии атрофи майдони варзишӣ фурӯ рехта, боиси марги даҳҳо тан шудаанд.

Як афсари пулиси маҳаллӣ Аюбхон бар ин бовар аст, ки таркиш ҷавоб ба сокинони ин деҳот аст, ки қаблан гурӯҳҳои ниманизомӣ ташкил дода, ҷангҷӯёни Толибонро аз қаламрави зери назораташон ихроҷ кардаанд.

Лакки Марват дар наздикиҳои ду вилояти ноороми Покистон - Вазиристони Ҷанубӣ ва Шимолӣ ҷойгир аст. Ин минтақа аз паноҳгоҳҳои ҷангиёни Толибон маҳсуб мешавад. Моҳи октябри соли гузашта Покистон амалиёти густурдаеро алайҳи Толибони ин навоҳӣ пиёда карда, артиши худро вориди Вазиристони Ҷанубӣ карда буд. Дар ин амалиёти семоҳа ҳудуди 600 ҷангҷӯи Толибон кушта шуданд.

Таркиш дар шаҳраки Лакки Марват яке аз серталафоттарин амалиёти террористии солҳои ахир дар Покистон мебошад. Ду моҳ қабл дар яке аз бозорҳои шаҳри Пешовар таркиш рух дод, ки ҷони 120 нафарро рабуд.
XS
SM
MD
LG