Рӯзномаи Московский Комсомолетс чопи Маскав навиштааст, ки шаби соли нав дар пойтахти Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон ба қатл расиданд. Ба навиштаи ин рӯзнома милисаи Маскав бо иттиҳоми даст доштан дар ин ду куштор чанд тан аз шаҳрвандони Тоҷикистонро боздошт намудааст. Ҳамин манбаъ меафзояд, ки чанд лаҳза пас аз зарби соат ва фарорасии соли нав дар майдони Манежний воқеъ дар назди истгоҳи метро бо номи Охотний Ряд, яъне канори Кремл задухӯрде ба вуқӯъ пайваст, ки дар он аз корд истифода бурдаанд. Ба навиштаи Московский Комсомолетс шаҳрванди дигари Тоҷикистон тахминан соати сеи шаб дар минтақаи Лефортовои Маскав кушта шудааст.