Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши ҳамлаҳо ба хориҷиён дар Афғонистон


Дар вилояти Хуст, воқеъ дар шарқи Афғонистон, бар асари таркиш 8 амрикоӣ ба ҳалокат расиданд. Ин иттилоъро сафорати ИМА дар Кобул тасдиқ кард. Ба навиштаи хабаргузориҳо, як маргталаб худро дар байни амрикоиҳо тарконидааст. Намояндаи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон изҳор намуд, ки, тибқи иттилоъи пешакӣ, ҳама қурбониёни ҳодиса – афроди ғайринизомиянд. Ҷузъиёти дигари ҳодиса то ҳол маълум нест.
Тибқи як хабари дигар аз Афғонистон, дирӯз дар вилояти Қандаҳор бар асари таркиши майн чаҳор сарбоз ва як хабарнигор ба ҳалокат расиданд, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Канада буданд.
XS
SM
MD
LG