Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташдиди назорат бар интернет дар Беларус


Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларус қавл додааст, ки назорат бар интернет ва бар истифодакунандагони онро шадидтар мекунад. Имрӯз Лукашенко гуфт, ононе, ки "дурӯғ ва ифлосиҳоро" дар интернет мегузоранд, бояд ба додгоҳ кашонда шаванд. Вай ба рӯзноманигорон гуфт, қонуни нав, ки рӯзи сешанбе дар бораи интернет муаррефӣ шуд, сабти номи сомонаҳои интернетӣ ва истифодакунандагони онро тақозо мекунад. Интернет кафеҳо низ бояд сабти ном шаванд.
XS
SM
MD
LG