Эрон хабарҳоро дар ин бора ки мехостааст, 1 350 тон урани ғанишударо аз Қазоқистон ворид кунад, "бепоя" хонд. Дар фишурдаи гузориши ниҳодҳои кашфи як кишвари узви Ожонси Байналмиллалии Энержии ҳастаӣ, ки аз он ном бурда намешавад ва хабаргузории Ассошиейтед Пресс ҳам онро дастрас кардааст, гуфта мешавад, ки тавофуқоти ҷониби Эрон бо Қазоқистон метавонист ҳафтаҳои оянда иҷро шавад. Аммо намояндаи Эрон дар СММ ин хабарро "бепоя" ва "сохта" арзёбӣ кард. Ержан Ашикбаев-сухангӯи вазорати умури хориҷаи Қазоқистон қаблан гуфта буд, ки фаъолиятҳои энержии ҳастаии Қазоқистон дар чаҳорчӯбаи муқаррароти Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ анҷом мегирад. Ян Келлӣ-сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, интиқоли ҳар гуна урани ғанишуда ба Эрон нақзи рӯшани таҳримҳои Шӯрои Амнияти СММ аст.