Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Расул Боқиев бо Тоҷикистон хоҳад буд?


Масъалаи бозгашти Расул Боқиев, гуштигири маъруфи тоҷик, барандаи нишони биринҷии Олимпиадаи Пекин, ба Тоҷикистон то ҳоло ҳал нашудааст.

Нуруллоҳ Лоиқов, раиси Федеросиюни дзюдои Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир гуфтушуниди раҳбарони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии кишвар ва сарпарастон бо Худойназар Боқиев, падари Расул ва Владимир Елчанинов, мураббии Расул, дар мавриди бозгашти паҳлавони тоҷик ба кишвар ва ширкати ӯ дар мусобиқоти байнулмилалӣ аз тарафи Тоҷикистон ҷараён дорад ва рӯзҳои наздиктарин бояд қарордод аз ҷониби тарафҳо ба имзо бирасад.

Ҷаноби Лоиқов афзуд, «ман барои ҳалли ин масъала ба шаҳри Маскави Русия сафари корӣ доштам. Бо Расул Боқиев ва мураббиаш Владимир Елчанинов вохӯрдам. Онҳо ба ман гуфтанд, ки мақсади аслиашон дар Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон ширкат кардан аст. Бинобар ин Елчанинов аз ман хоҳиш кард, ки агар мо барои Расул шароити зарурии варзишӣ муҳайё созем, вай дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Онҳо дархост кардаанд, ки аз ҷумла, барои машқ ва ширкати Расул дар мусобиқоти байнулмилалӣ, хариди маводи доруворӣ (витамин), зиндагӣ дар шаҳри Маскав ҳар моҳ ҳадди ақал 5 ҳазор сомонӣ пардохт кунем. Инчунин, стипендияи Расулро, ки ҳар моҳ 600 доллар буд, барқарор намуда, моҳҳои нагирифтаашро ҷуброн намоем. Баъди бозгашт аз Маскав бо раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар ва ҳамзамон муовини раиси Кумитаи миллии олимпӣ Маликшоҳ Неъматов ин масъаларо баррасӣ кардем ва ҳоло кӯшиш дорем, барои Расул Боқиев шароити зарурӣ муҳайё созем, то ки ӯ мисли пешин Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон намояндагӣ кунад. Инчунин ҳаминро низ гуфтаниам, ки Расул Боқиев ба ман 500 доллари ИМА дода, хоҳиш кард, ин маблағро ба суратҳисоби сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун гузаронам. Ин амали ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳарчанд Расул дар ҳоли ҳозир берун аз кишвар ба сар мебарад, аммо ба сарнавишту тақдири миллат бетараф нест».

Расул Боқиев, ки пас аз пирӯзӣ дар Олимпиадаи Пекин ба таври шоиста қадрдонӣ нагашт ва эҳтироми ӯ дар Тоҷикистон ба ҷо оварда нашуд, ба нишони эътироз тарки Тоҷикистон кард ва шаҳрвандии Русияро пазируфт. Вай моҳи октябри соли ҷорӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Русия, ки дар шаҳри Налчики Кабардину Балқар баргузор шуд, дар вазни то 73 кг ҳунарнамоӣ кард. Расул бар 6 нафар рақибони худ дастболо шуда, ба унвони қаҳрамони Русия даст ёфт.

Аммо худи ӯ дар моҳи октябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ширкаташро дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ аз тарафи Русия идома хоҳад дод: «Баъди ин пирӯзӣ ман ба ҳайати дастаи мунтахаби дзюдои Русия дохил шудам ва соли оянда дар мусобиқоти мухталифи байнулмилалӣ, инчунин, мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо дар шаҳри Венаи Австрия ва дар сабқати ҷаҳонӣ дар шаҳри Токиои Ҷопон ширкат хоҳам кард. Бинбар ин бо роҳбарии устодам Владимир Елчанинов ба мусобиқоти соли оянда ҳамаҷониба омодагӣ мебинам. Ман фарзанди тоҷик ҳастам ва ҳадафи ман боз ҳам баландтар бардоштани обрӯи тоҷикон аст. Вақте ки аз номи Русия баромад мекунам, маро ҳамчун шаҳрванди Русия муаррифӣ мекунанд, вале маро, аслан, ҳамчун фарзанди тоҷик мешиносанд. Ягона мақсади ман ҳамчун варзишгар қаҳрамони ҷаҳон ва баъдан қаҳрамони олимпӣ шудан аст.»
XS
SM
MD
LG