Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон аз Қазоқистон уран харидорӣ мекунад?


Дипломатҳои ғарбӣ аз нашри иттилоъ дар бораи талошҳои Эрон барои харидории як ҳазору 350 тонна урани поксозишуда аз Қазоқистон изҳори нигаронӣ кардаанд. Хабаргузории Аssociated Press бо такя ба иттилоъи хадамоти кашф мегӯяд, ки созиш дар ин бора шояд ҳафтаҳои наздик имзо шавад. Гуфта мешавад, ки ин созиш хилофи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ дар баробари Эрон хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Эрон рӯзи сешанбе бори дигар мӯҳлати пешниҳодкардаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои ҳалли ихтилофи назар оид ба барномаи ҳастаии ин кишварро рад карданд. Манучеҳр Муттакӣ, вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, ки фаъолиятҳои марбут ба ғанисозии ураниум идома хоҳад кард. Панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ – ИМА, Британия, Чин, Фаронса ва Русия ба изофаи Олмон ба Эрон ҳушдор доданд, ки агар то охири сол оид ба барномаи ҳастаияш бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ созиш ҳосил накунад, мавриди таҳримҳои нав қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG