Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрон зарбулаҷали ҷомеъаи ҷаҳониро рад кард


Мақомоти Эрон бори дигар мӯҳлати пешниҳодкардаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои ҳалли ихтилофи назар оид ба барномаи ҳастаии ин кишварро рад карданд. Манучеҳр Муттакӣ, вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, ки фаъолиятҳои марбут ба ғанисозии ураниум дар кишвар идома хоҳад кард.
Панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ – ИМА, Британия, Чин, Фаронса ва Русия ба изофаи Олмон ба Эрон ҳушдор додаанд, ки агар то охири сол оид ба барномаи ҳастаияш бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ созиш ҳосил накунад, мавриди таҳримҳои нав қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG