Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми қатли шаҳрванди Бритониё дар Чин


Бо вуҷуди талошҳои зиёди ҳукумати Бритониё, дар Чин ҳукми қатли як шаҳрванди покистониасли бритониёӣ, ки аз Тоҷикистон ба Чин ҳероин қочоқ кардааст, ба иҷро расид.

Акмал Шайх, шаҳрванди 53-солаи Бритониё аз Тоҷикистон ба Чин сафар кард ва мақомоти Чин мегӯянд, ӯро бо чаҳор килограм ҳероин боздошт кардаанд. Ин воқеа дар моҳи сентябри соли 2007 ба вуқӯъ пайваст. Ба гуфтаи мақомоти чиноӣ, ҳероине, ки Шайх ба Чин қочоқ карданӣ шуд, кофӣ буд, то қариб 27 000 нафарро ба ҳалокат расонад ва қонуни кайфарии Чин барои қочоқи беш аз 50 грамм ҳероин ҳукми қатл пешбинӣ мекунад. Дар ин замина додситонҳо ҳукми қатли Акмал Шайхро талаб карданд.

Аз он вақт сар карда, ҳукумат ва созмонҳои ғайридавлатии Бритониё ва хешу наздикони Шайх, ки дар Покистон зода ва дар Бритониё бузург шудааст, даҳҳо бор ба мақомоти Чин муроҷиат карданд, ки дар нисбати Шайх ҳамчун як шахсе, ки, ки ба гуфтаи онҳо, гирифтори бемории рӯҳист, аз тараҳҳум кор гирифта шавад.

Рӯзи душанбе, вазири Бритониё дар умури хориҷӣ ва кишварҳои ҳамсуд, Иван Люис, бори охир ба наҷоти ҳаёти Шайх даъват кард: "Дар ду соли гузашта мо дар масъалаи Шайх 27 бор ба сарвазир, вазири умури хориҷӣ ва вазирони Чин муроҷиат кардем. Ва ҳатто дар ҳамин пайти охир низ ман умедворам, ки онҳо хоҳанд дид, ки дар ҷаҳони муосир ҳукми қатл ба як шахси рӯҳан бемор муносиб нест."

Наздикони Шайх ва намояндагони созмонҳои ғайридавлатии Бритониё мегӯянд, як дастаи ҷиноӣ Шайхро ба қочоқи ҳероин маҷбур кардааст. Созмони "Реприв" мегӯяд, асноди тиббие дорад, ки тибқи онҳо, Шайх гирифтори васваса буд ва худро ситораи мусиқӣ мешумурд. Ду шоҳиди нав низ ин нуктаро тасдиқ карданд. Пол Нюберрӣ ва Гарет Саундерс гуфтаанд, дар Лаҳистон ба сабти як таронаи Шайх кӯмак кардаанд.

Аз Лаҳистон Шайх ба Қирғизистон сафар карда, дар ин ҷо низ кӯшидааст, дар тарабхонае овозхонӣ кунад, аммо пас аз нокомӣ рӯ ба Тоҷикистон овардааст. Талошҳои ӯ дар Тоҷикистон низ барор накардаанд ва маълум нест, чӣ гуна вай бо қочоқбарони маводи мухаддир ошно гаштааст.

Хабаргузории давлатии Чин, Ксинхуа, ба нақл аз Додгоҳи Олии Чин мегӯяд, тарафи Бритониё натавонист, бо асноди зарурӣ бемор будани Акмал Шайхро ба исбот расонад. Баъд аз иҷрои ҳукми қатли Шайх, сарвазири Бритониё, Гордон Браун ин эъдомро шадидан маҳкум кард. Мақомоти Чин пеш аз иҷрои ҳукм ба ду бародарзодаи Шайх иҷоза доданд бо маҳкумшуда мулоқот кунанд.

Ба иттилои расонаҳо, охирин шаҳрванди Аврупо, ки дар Чин ба қатл расид, Антонио Риваи итолиёӣ буд, ки дар соли 1951 дар таҳияи сӯиқасд ба ҷони Мао Зедунг ва дигар сарони олирутбаи ҳукумати коммунист айбдор дониста шуд.
XS
SM
MD
LG