Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисиҷумҳур бо тоҷирон мулоқот хоҳад кард


Интизор меравад, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 январ бо соҳибкорони тоҷик мулоқот кунад. Хабаргузории “Азия Плюс” аз қавли намояндаи яке аз иттиҳодияҳои соҳибкории кишвар навиштааст, ки дар ин мулоқот ғолибан масоили молиёту гумрук, мавонеъи маъмурии мавҷуда дар роҳи рушди тиҷорат ва дигар мушкилоти доғи соҳибкорон матраҳ хоҳад шуд. Як мавзӯъи дигаре, ки ҳатман баррасӣ хоҳад шуд, мушорикати аҳли тиҷорат дар харидории саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун хоҳад буд. Ин саҳмияҳо рӯзи 6 январ ба муомилот ворид карда мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон бори охир ду сол қабл бо тоҷирону соҳибкорони тоҷик мулоқоти вижа барпо карда буд.
XS
SM
MD
LG