Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифон қатлу саркӯбҳоро маҳкум карданд


Эрон тайи рӯзҳои шанбеву якшанбе шоҳиди эътирозҳои густардае шуд, ки пурқурбонитарин эътирозҳо дар тӯли беш аз 7 моҳи ошӯбҳои пасоинтихоботӣ дар он кишвар дониста мешавад.

Нирӯҳои амниятии Эрон рӯзи душанбе низ боздошти тазоҳургарон ва он аъзои мухолифинро, ки дар эътирозҳои густардаи ду рӯзи гузашта дар Теҳрон ва шаҳрҳои дигари он кишвар ширкат доштанд, идома додаанд. Пулиси Эрон мегӯяд, то кунун ҳудуди 300 тан аз эътирозгаронро боздошт кардааст.
Ягона ҳадаф аз ин амал афзоиши фишор ба Ҷумбиши Сабз аст. Онҳо қатъи фаъолиятҳои моро мехоҳанд...

“Парлумоннюс”, сомонаи интернетии ислоҳталабон рӯзи душанбе навишт, ки мақомот ҳамчунин дастикам 7 тан аз ислоҳталабони шинохта, бо шумули 3 мушовири Мирҳусейни Мӯсавӣ, раҳбари Ҷунбиши мухолифи Сабз ва номзади шикастхӯрдаи мухолифин дар интихоботи пурбаҳси раёсатҷумҳурии Эрон дар моҳи июн, боздошт шудаанд.

Боқии боздоштшудагон дабири кулли Наҳзати Озодӣ Иброҳими Яздӣ, фаъоли ҳуқуқи башар Имод Боғӣ ва ду нафари дигар аз Сандуқи Борон будаанд, ки раисиҷумҳури собиқ ва ислоҳталаби Эрон Муҳаммади Хотамӣ созмон додааст.

Амир Хуррам, як узви баландпояи Наҳзати Озодӣ ба Радиои Фардо гуфт, ки мақомот Иброҳим Яздиро субҳи содиқи душанбе аз манзилаш гирифтаанд ва "ягона ҳадаф аз ин амал афзоиши фишор ба Ҷумбиши Сабз аст. Онҳо қатъи фаъолиятҳои моро мехоҳанд."

Нуқтаи авҷи эътирозҳои Эрон ба рӯзи якшанбеи 27 декабр, ки иди Ошӯро низ ба нуқтаи авҷаш мерасад, дуруст омад. Дар ин рӯз ҳазорон нафар бо шиорҳои зиддидавлатӣ, аз ҷумла "Марг бар Хоманаӣ!" ба кӯчаву хиёбонҳои пойтахт, шаҳри Теҳрон рехтанд.

Нирӯҳои амниятӣ дар муқобили эътирозгарон аз калтакҳои резинӣ, газҳои ашковар ва тирҳои пластикӣ истифода карданд. Пресс ТВ, шабакаи давлатии телевизиони Эрон, ки бо забони инглисӣ нашр мешавад, таъйид кард, ки дар задухӯрдҳои ахир 8 нафар кушта шуданд. Ин дар ҳолест, ки пулис даст доштанаш дар ҳалокати ин афродро радд мекунад ва мегӯяд, афсаронаш танҳо ба ҳаво тир холӣ кардаанд.

Бо ин вуҷуд, намоишҳои ахири эътирозӣ аз замони оғози мухолифатҳое, ки Эронро дар пайи интихоботи пурбаҳси 12 июн фаро гирифт, пурқурбонитарин маҳсуб мешавад.

Алӣ Ҳабибии Мӯсавии Хомана (аз рост), хоҳарзодаи Мирҳусейни Мӯсавӣ, раҳбари мухолифони Эрон.
Яке аз кушташудагон Алӣ, ҷияни 20-солаи Мирҳусейни Мӯсавӣ будааст. “Парлумоннюс” аз қавли бародари ӯ меорад, ки ҷасади Алиро аз бемористон ба куҷое бурдаанд ва ба ин далел, адои маросими дафнаш ғайримумкин шудааст. Раҳбари дигари мухолифин Маҳдии Каррубӣ дар як баёния ин суолро гузоштааст, ки мақомоти Эрон чигуна тавонистанд, дар ҷараёни иди Ошӯро хуни мардуми бегуноҳро бирезанд?

Аз замони шурӯъи ошӯбҳои пасоинтихоботӣ дар Эрон, мухолифин идҳои расмиву мазҳабиро ба манзури ташкили тазоҳуроти зиддидавлатӣ истифода мебурданд.

Охирин чунин мавриди эътирозҳо дар ҳошияи рӯзи Ошӯро, солгарди шаҳодати Имом Ҳусейн, аз фарзандони ҳазрати Алӣ ва набераи паёмбари ислом Муҳаммад барпо шуд.
XS
SM
MD
LG