Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи гумонбарони салафӣ ва таблиғӣ дар Кӯлоб


Мурофиаи додгоҳии даҳ нафар, ки ба ифротгароӣ гумонбар дониста мешаванд, дар Кӯлоб шурӯъ шудааст.

Бар асоси иттилои Аслам Холов, раиси додгоҳи Кӯлоб, 5 тан аз ин афрод ба узвият дар ҷараёни “Салафия” ва 5 тани дигар барои шомил будан дар “Ҷамоаи таблиғ”, ки фаъолияташон расман мамнӯъ эълон шудааст, гумонбар дониста мешаванд. Аммо ҷаноби Холов гуфт, то анҷоми мурофиаи додгоҳӣ ҳақи тавзеҳоти бештари ин парвандаҳоро надорад.

Узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Кӯлоб гуфт, онҳо фаъолияти гурӯҳи "Салафия"-ро қабул надоранд, вале аз "Ҷамоаи таблиғ" ҳимоят мекунанд ...
Дар ҳамин ҳол Камолиддин Набиев, як сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, бародари ӯро дар ҳоле ҳамчун узви ҷараёни “Салафия” боздошт намуданд, ки дар Арабистони Саудӣ ҳамроҳи ҳамсараш таҳсил менамуд ва аз он ҷо ду моҳ қабл ба ватан баргашта буд. Вай мегӯяд, рафтори бародараш аз рафтори як мусалмонӣ оддӣ ҳеҷ тафовут надошт ва ӯ ягон бор зидди ҳукумату давлат сухан нагуфтааст.

Салом Одинаев, сокини ноҳияи Восеъ, ки наздиконашро барои пайравӣ ба “Ҷамоаи таблиғ” ба додгоҳ кашидаанд, мегӯяд, онҳо ҳеҷ коре ба ҷуз гуфтани ҳақиқати ислом коре накардаанд. Ба гуфтаи ӯ, мазмуни ҳарфҳои наздиконаш дар назди ҷомеа ахлоқӣ буд ва онҳо ба сиёсати давлат ҳеҷ сару коре надоштанд.

Абдусамад Ғайратов, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Кӯлоб, зимни сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, онҳо фаъолияти гурӯҳи Салафияро қабул надоранд, вале аз “Ҷамоаи таблиғ” ҳимоят мекунанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, намояндагони “Ҷамоаи таблиғ” то ҷое, ки вай огаҳ аст, исломи асл ва бидуни хурофотро тарғиб мекунанд.

Аммо дар ҳамин ҳол Орзуи Ҳамид, як таҳлилгари маҳаллӣ фаъолияти “Ҷамоаи таблиғ”-ро баръакси Абдусамад Ғайратов хатарноктар аз фаъолияти гурӯҳи “ Салафия” унвон намуд. Ҷаноби Ҳамидов мегӯяд, “аз таҳқиқ ва сӯҳбат маълум кардааст, ки “Ҷамоаи таблиғ” дар ҳалқаҳои чанднафарӣ ба худ амир доранд ва маълум аст, ки амир ҳатман бояд аморат дошта бошад. Чунин рафтори онҳо аз назари банда хатарнок менамояд. Ҳарчанд, тарафдори он нестам, ки чанд нафаре, ки гумроҳона ба ин гурӯҳҳо пайвастаанд, ҳабс шаванд.”

Феълан барои нахустин бор аст, ки дар минтақаи Кӯлоб пайравони ҷараёни “Салафия” ва “Ҷамоаи таблиғ” ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд.
XS
SM
MD
LG