Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табрикоти солинавии hi-tech


Агар шумо ягоне аз дӯстони кӯҳан ва ё ҳамсабақатонро бо соли нав табрик накардаед, пас ба эҳтимоли хеле зиёд он дӯсти шумо корбари интернет нест. Чун мутмаинам, ки дар ин муддат шумо аллакай ҳамаи он афродеро, ки дар руйхати дӯстон дар Фейсбук ва ё Мой Миратон аст, табрик гуфтаед. Ҳатто онҳоеро, ки аз Ҷибутиву Мозамбик бо шумо ҳарф мезананд ва боре ҳам надидаедашон ва ҳатто намедонед, ки он акс аз худи худашон аст е аз каси дигар.

Интернет на танҳо замонаро дигар кардааст, балки одатҳои мардумро низ тағйир додааст. Бо муҷарради фаро расидани иде, дар мисоли имрӯзи мо, соли нав, бозори ҳазорҳо торнамоҳои вижаи табрикотӣ гарм мешавад. Боварӣ дорам, имрӯз дар Гугл яке аз ибораҳои пурҷустуҷӯтарин “new year flash e-card” мебошад. Воқеан, Гугл, ин e-ҷӯяндаи интернетӣ низ ба муносибати ҳар ид симои сафҳаи аввали худро низ бо қабои хоси идона оро медиҳад.

Аммо мардум. Мардум торнамои лозимаашонро меёбанд, боз мекунанд, феҳраси кортҳои табрикотиро мебинанд, якеро интихоб мекунанд, исми худ ва имейлашонро менависанд, 2-3 ҷумла ҳарфи табрикотияшонро низ илова мекунанд, мусиқиеро интихоб мекунанд ва ба маҳбубаашон мефиристанд. Ё ба маҳбубашон. Ё ба дигар шиносҳову хешу табору дӯсту ҳамсабақ.

Вале на ҳама барои ин ҳама кор чаҳор дақиқа вақт ёфта метавонанд. Аз ин рӯ, афроди бисёре чӣ
кор мекунанд. Мебинанд, ки аз номи дӯсташон ба имейли ӯ табрикоте омадааст бо ягон акси корти соли навие ва бо чанд ҷумла орзуву таманноҳои хушӣ барои соли оянда. Ин имейлро мегиранду, дар ҷои нишонӣ имейлҳои дӯстони худро зуд аз феҳристи м-агент ё мснашон гирифта copy paste мекунанд ва ба дӯстонашон forward мекунанд. Ва ҳамин занҷираро сипас он дӯстонашон идома медиҳанд.

Аммо онҳое, ки вақти хеле ҳам зиёд доранд, ба торнамоҳои мураккабтар мераванд. Барои мисол, эксплорер, мозилла, опера ва ё хромашонро боз мекунанд, дар ҷои нишонӣ менависанд dancingsantacard, нуқта мегузоранд ва com-ро илова мекунанд. Сипас, як бобои барфии раққос мебарояд ва ягона коре, ки шумо бояд анҷом бидиҳед, як аксатонро илова мекунед, чеҳраатонро ба ҷои чеҳраи аслии Бобои барфӣ мегузоред ва пайванди ҳосилшударо ба дӯстонатон
мефиристед. Дӯстонаш сипас хоҳанд дид, ки...хуб, як талош кунед, худатон мебинед, ки дӯстонатон чиро хоҳанд дид.

Ва боз. Агар дӯстонатон ба интернет дастрасӣ надорад, аммо мехоҳед, ки бо истифода аз фанновариҳои навин табрикашон гӯед, пас боке нест. Мобилатонро равшан кунед ва смс бифиристед. Ин ҳам табрикоти hi-tech мебошад. Фақат зуд бошед, зеро ҳар чӣ шаби соли нав наздик омадан гирад, хатҳои ширкатҳои мобилӣ ҳамон қадар сербортар мешаванд.
XS
SM
MD
LG