Пайвандҳои дастрасӣ

Хонандаи сомонаи мо бо номи Ҳабиб аз Русия дархост кард, бо шаҷарашиноси тоҷик Содирхон Умаров мусоҳиб шавем ва дар бораи вазъи шинохти шаҷараҳо дар кишвар маълумот диҳем.

Дар Тоҷикистон мардуми зиёде ҳаст, ки ба ҷуз аз падару модар ва бобову бибӣ дар мавриди наслҳои гузаштаи худ чизе ҳатто нашунидаанд.

Муҳаққиқони шаҷараи хонаводагӣ мегӯянд, чунин падида зимни парокандашавии бисёре аз мардуми бумӣ пас аз ҷанги солҳои 1920-1930 ба миён омадааст. Ҳамчунин сиёсатҳои сахтгирона ва таъқиби афроди бофарҳангу маорифпарвар ва сарватманд аз сӯи ҳукумати шӯравӣ дар давраи репрессияҳои сталинӣ як сабаби дигари дур мондани мардуми зиёд аз асли худ унвон мешавад.

Аммо бо суқути давлати шӯравӣ ва бунёди равобти Тоҷикистон ба ҷаҳони берун таваҷҷӯҳи мардум, ҳатто мардуми оддӣ ба шаҷараи хонаводагияшон ба маротиб бештар шудааст.

Афроди зиёде наслҳои парокандаи худро аз Афғонистону Эрон, Покистону Ҳиндустон ва Аврупову Амрико пайдо карданд. Ва бо он, ки таваҷҷӯҳ ба шаҷараи хонаводагӣ дар хориҷ аз шӯравии собиқ бештар буд, мардум аз тариқи он наслҳои пайдокарда, дар мавриди гузаштагони дуртари хеш маълумоти амиқтар ёфтаанд. Ин имкон медиҳад, ки шаҷарашиносӣ ва шаҷаранависӣ ба як риштаи нав табдил ёбад.

Навори навбатии радиои «Озодӣ» марбути ҳамин мавзӯъ аст:

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG