Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ман домуллоям, нозири барқам ё девона...


"Таркид! И... лаънатӣ боз кафид! Бар падартон лаънат! Мардума фиреб карден! Кӯдакомон имшаб аз хунукӣ мурдан...Э, ноинсофҳо!!! Пулмона гирифтену вайронаша часпонден?! Худо..."

Аз ин доду ҳайёҳӯи зан, ки аз он сӯи гушӣ дар телефони ҳамроҳи ман садо медиҳад, лаҳзае карахт мешавам ва пас аз каме ба худ омадан суханашро мебурам, ки дигар гӯшам намекунад. Боз ҳақорат, дашном, дуо. Бо қаҳр занги телефониро қатъ мекунам.

Лаҳзае баъд, боз ҳамон рақами телефони шаҳрӣ, ки шумораи охираш бо 600 тамом мешавад, занги телефони дастиямро баланд мекунад.
Шаб нафаре ба телефони дастии ҳамсараш занг зада, мегӯяд, ки “зуд ба поёна биё!..
Ин бор фаҳмидам, ки зан иштибоҳ кардааст ва мухотаби ӯ аслан намояндагони “горсет” (идораи шабакаҳои барқии шаҳр) аст, ки ба тозагӣ дар маҳаллаи онҳо “трансформатор” (зеристгоҳи барқӣ) насб кардаанд ва он аз кор баромада маҳаллаеро шабонарӯзӣ бебарқ мондааст. Зан узр мепурсад, вале бо эътимод мегӯяд, ки ӯ маҳз ба телефони “горсет” занг задааст.

Тақрибан аз миён ду соат мегузорад. Занги дигаре аз рақами телефони шаҳрӣ дар мобилам пайдо мешавад ва зангзананда бе ҳеҷ салому дуруд бо гиря шурӯъ мекунад:
-Худозада, ақалан, ҳами фикри ду кӯдаки хурдсолатро накардӣ?! Чӣ гуноҳ доштанд, ки онҳоро сағера кардӣ...Агар калон шаванду ҳамин номардии туро фаҳманд, дар рӯят туф мекунанд! Мурод... куринамак, некиҳои очаи ма...

Дилам ба бахти баргаштаи ин зан месӯзад, аммо афсус... Охир ман Мурод нестам ва ӯ иштибоҳ кардааст. Зан бовар намекунад ва мепурсад, ки мабодо додар ё ошнои Мурод набошам, зеро ӯ дақиқ ба рақами ӯ занг задааст.

Дигаре дар чунин зангҳои телефонӣ маро “домуллои мӯҳтарам” ном мебарад ва хоҳиш мекунад, то як масъалаи шаръиро барояш рӯшан кунам.

Худоё, ё девона шудаам ва ё қиёмат шудааст.

Як дӯстам ба тозагӣ аз Русия баргаштааст. Шаб нафаре ба телефони дастии ҳамсараш занг зада, мегӯяд, ки “зуд ба поёна биё!”. Миёни ҳамсарон то субҳ ҷангу ҷидол давом мекунад. Шавҳар ҳамсарро бо хиёнат муттаҳам мекунад, то замони дақиқ шудан, ки он мард воқеан, на ба рақами ӯ, балки ба рақами телефони бародараш занг зада будааст.

Дӯсти дигари ҷавонам ба маъшуқааш занг мезанад ва баробари бардоштани гӯшӣ бе истиҳола “ Моҳлиқоҷон, туро мебӯсам” мегӯяд, вале аз он сӯи гушӣ садои гирифтаи мардонае ба ӯ ҳақорати обдор мекунад. Сипас, маълум мешавад, ки занги ӯро на маъшуқааш, балки як мансабдори баландпоя бардоштааст.

Бегоҳӣ ба телефони дастии падарам занг мезанам. Ӯ аз ман ҷиддӣ хафа шудааст. Аз телефони шаҳрие, ки ҳар рӯз бо падар сӯҳбат мекардам, гӯиё духтаре занг задааст ва падарро “масхара” намуда, ранҷонидааст.

Даҳҳо занги афроди гӯиё парешон давоми се рӯзи охир аз телефонҳои хонагӣ дар шаҳру навоҳии Кӯлоб ба чунин тарз маро озурда мекунад. Ба ширкати мобилие, ки муштарии он ҳастам занг мезанам ва масъуле посух медиҳад, ки дар шабакаи онҳо чунин “проблема” нест.

Сокинони шаҳр аз “переадресатсияи” умумии телефонҳои хонагӣ дар ин шаҳр сӯҳбат мекунанд. Ба “07” шӯъбаи алоқаи шаҳр занг мезанам. Чун шиква сар мекунам, ки нафаре аз он сӯи гушӣ механдад ва мегӯяд, ки онҳо низ аз ин безор шудаанд.

“Оли соз мешава, меган айби боду ҳавоай. Мо ҳам девона шидем. Илоҷша наёфтем”-посух медиҳад “07”.

Аммо мутаҳайир мешавам. Магар ин гуна фаъолият ба роҳ мондани шӯъбаи алоқа дар телефонҳои хонагӣ, ки яке сӯҳбати дигареро мешунаванд, нақзи моддаи 23-и Сарқонуни кишвар, ки дар он “маҳрамияти мукотиба, сӯҳбатҳои телефонӣ...” кафолат дода шудааст, нест? Пас аз чунин ҳолат метавон ба “маҳрамият”-и сӯҳбатҳои телефонӣ бовар кард?

Ин ҳам дар ҳоле, ки дар телефонҳои дастии ҷавонон сабти садҳо сӯҳбатҳои “маҳрамона”-и телефонӣ, касе муаллифонашро намедонад боиси шӯхию ханда гаштааст.
XS
SM
MD
LG