Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони Рӯзи ҳамраъйӣ бо бинокорони Роғун


Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард, ки саҳмияҳои нерӯгоҳи «Роғун» ба маблағи 6 миллиард сомонӣ аз чоп баромада, фурӯши онҳо дар саросари ҷумҳурӣ 6 январи соли 2010 сар мешавад. Дар ҳамин ҳол Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе 6 январи соли ояндаро Рӯзи ҳамраъйӣ бо бинокорони нерӯгоҳи «Роғун» эълом кард. Гуфта мешавад, корхонаву муассисаҳои пойтахти Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли оянда ба бунёди "Роғун" 125 миллион сомонӣ интиқол хоҳанд дод. Саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун ба нархи 100, 500, 1000 ва 5 ҳазор сомонӣ нашр шудаанд.
XS
SM
MD
LG