Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи маргталабона дар Қандаҳор


Ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон дирӯз мунҷар ба ҳалокати дастикам 8 нафар ва ҷароҳат бардоштани чандин тани дигар шуд. Франс Пресс аз қавли муовини раиси пулиси вилояти Қандаҳор Аҳмад Шаирзод навишт, ки ин ҳамла дар ҳавлии бахши вилоятии вазорати ҳифзи сиҳҳат, ки хориҷиён аз он ҳамчун меҳмонхона низ истифода мекарданд, рух додааст. Дар моҳи август бар асари як бомбгузории сангин дар Қандаҳор беш аз 40 кас кушта шуда буд.
XS
SM
MD
LG